Тирпаронии нозирони БДА дар муноқиша бо афроди мулкӣ

Дар постгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд миёни афроди мулкӣ муноқиша сар мезанад ва нозирони БДА аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд.

Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба расонаҳо хабар додаанд, ки се нафар афроди мулкие, ки ба нозирон итоат накардаанд, дар боздошт қарор доранд.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса имрӯз, 23 июн дар як постгоҳи БДА дар миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом руй додааст. Ба гуфтаи манбаъ: «Ин сокинони мулкӣ, ки ба талаботи кормандони БДА итоат накарда, инчунин бо онҳо ҷанҷол мекунанд. Дар натиҷа нозирони роҳ маҷбур мешаванд, ки ба ҳаво тир холӣ кунанд. Ин нафарон боздошт шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Дар ин ҳодиса ягон кас ҳалок ё захмдор нашудааст. Вазъи саломатии нозирони латукубшудаи БДА хуб аст”.

Дар мавриди ин ки чанд кормандаи БДА латукуб шуда бошад, ҳануз маълумоти расмӣ вуҷуд надорад.

Дафтари матбуоти РКД дар вилояти Суғд низ ҳанӯз  ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *