Нозирони тоҷик дар интихоботи Амрико

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки панҷ нозир аз Тоҷикистон интихоботи президенти  Амрикоро назорат мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти КМИР, барои авалин бор аст, ки намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи президенти  Амрико ба унвони нозир ширкат мекунанд. Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи Кумиссиюгни Марказии Интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 4 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки панҷ намояндаи Тоҷикистон бо даъват ва мусоидати сафорати Амрико дар Душанбе, барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳури ИМА ба унвони нозир, ширкат мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Додозода, ин панҷ намоянда, яке аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва чаҳор тани дигар намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳастанд ва аллакай рӯзи 1 ноябр озими Амрико шудаанд. Ба гуфтаи вай, қарор аст, намояндагони Тоҷикистон то таърихи 12 ноябр дар Амрико бимонанд. Додозода гуфт, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дар интихобти Амрико, Далер Сафар, намояндагӣ мекунад. Аммо ӯ гуфт, намедонад чаҳор тани дигар, ки ба Амрико сафар кардаанд, намояндагони кадом аҳзоби сиёсии кишвар мебошандДар ҳамин ҳол масъулони дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе низ сафари намояндагони Тоҷикистон ба Амрикоро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки онҳо рӯзи 1 ноябр озими Амрико шуданд ва ба унвони нозир дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, иштирок мекунанд. Ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, ба ҷузъ як намоянда аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, чор нафари дигар аз аҳзоби сиёсии ин кишвар, аз ҷумла ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва аграрӣ ҳастанд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 8 ноябр баргузор мегардад ва ду номзади умда, аз ҳизбҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ — Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп, бо ҳам рақобат мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *