Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ғаффорӣ: Донишҷӯёни фосилавӣ ва ғоибона стипендия намегиранд

Ҷавоби ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ ба саволи донишҷӯ оид ба пардохт накардани стипендияи президентӣ ба донишҷӯёни низоми таҳсили фосилавӣ, ки дар №51 (1354), аз 18 декабри соли 2019 дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чоп шудааст:


-Стипендия маблағе мебошад, ки барои хонандагон, донишҷӯён, интернҳо, ординаторҳо ва аспирантони гурӯҳҳои таҳсили рӯзона пардохт карда мешавад. Қайд кардан бамаврид аст, ки стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешаванд. Стипендияи мазкур барои донишҷӯён вобаста ба дастовардҳояшон дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ таъин карда мешавад.


Инчунин, барои донишҷӯёни соли аввали таҳсил, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, аз аввали соли таҳсил то санҷиши аввал (санҷиши нимсола) стипендияи давлатии академӣ пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, ҳамзамон барои донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюбони гурӯҳҳои I ва II стипендияи давлатии академӣ, новобаста ба натиҷаи таҳсил пардохт карда мешавад.


Тибқи банди 1-уми моддаи 45-и «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф» ва банди 3-и «Низомнома дар бораи тартиби таъин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» стипендия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси «Низомнома дар бораи тартиби таъин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи 60%-и шумораи умумии донишҷӯён муқаррар карда шуда, ин таносуб ба донишҷӯёне рост меояд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд.


Бо ин назардошт дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ ба донишҷӯёне, ки тибқи низоми фосилавӣ ва ғоибона таҳсил менамоянд, стипендия пардохт карда намешавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.