Оқибаташ ба хайр бошад?!

Тибқи иттилои ТАСС дар шаҳраки Апрелевка занозании оммавии муҳоҷирон ба вуқӯъ пайваст.

Манбаъ мегӯяд, ин занозанӣ бо иштироки андаркам 20 муҳоҷири аз кишварҳои Осиёи Миёна омада сар задааст. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки занозанӣ миёнӣ зодагон куҷо сурат гирифтааст

Ҳангоми задухӯрд хориҷиён аз чӯб ва шишаҳо истифода карданд ва инчунин тир ҳам кушодаанд. Дар натиҷаи ин ҳолат, чанд мошин осеб дидааст.
Сабаби занозанӣ ва ҷузъиёти дигарро мақомоти дахлдор мушаххас менамоянд.
Чанде пеш низ дар Маскав назди истгоҳи метрои «Кузминки» занозании оммавии муҳоҷирон рух дода буд, дар он то 200 нафар ширкат доштаанд, ки бештарашон шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон будаанд.

Сабаби муноқиша он замон хусуматҳои шахсӣ гашта буд. Муҳоҷирон аз Қирғизистон ҳамватанони худро дар ҷамъи тоҷикон дида, онҳоро сарзаниш мекунанд. Дигарон бошанд бо пуштибонӣ аз онҳо бармехезанд.

Ин ҳодиса эътирози васеи мардумро ба бор овард, ки дар пайи он ба ин амал ҳам сиёсатмадорон ва ҳам ходимони ҷамъиятӣ вокуниш нишон доданд. Бунёди Рушди Муҳоҷират байни намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот ташкил карда, тадбирҳои пешгирии чунин ҳодисаҳоро баррасӣ намуд.

Тибқи иттилои ТАСС дар шаҳраки Апрелевка занозании оммавии муҳоҷирон ба вуқӯъ пайваст.
Манбаъ мегӯяд, ин занозанӣ бо иштироки андаркам 20 муҳоҷири аз кишварҳои Осиёи Миёна омада сар задааст. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки занозанӣ миёнӣ зодагон куҷо сурат гирифтааст.

Ҳангоми задухӯрд хориҷиён аз чӯб ва шишаҳо истифода карданд ва инчунин тир ҳам кушодаанд. Дар натиҷаи ин ҳолат, чанд мошин осеб дидааст.
Сабаби занозанӣ ва ҷузъиёти дигарро мақомоти дахлдор мушаххас менамоянд.
Чанде пеш низ дар Маскав назди истгоҳи метрои «Кузминки» занозании оммавии муҳоҷирон рух дода буд, дар он то 200 нафар ширкат доштаанд, ки бештарашон шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон будаанд.

Сабаби муноқиша он замон хусуматҳои шахсӣ гашта буд. Муҳоҷирон аз Қирғизистон ҳамватанони худро дар ҷамъи тоҷикон дида, онҳоро сарзаниш мекунанд. Дигарон бошанд бо пуштибонӣ аз онҳо бармехезанд.

Ин ҳодиса эътирози васеи мардумро ба бор овард, ки дар пайи он ба ин амал ҳам сиёсатмадорон ва ҳам ходимони ҷамъиятӣ вокуниш нишон доданд. Бунёди Рушди Муҳоҷират байни намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот ташкил карда, тадбирҳои пешгирии чунин ҳодисаҳоро баррасӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *