Ҳоҷиёни Тоҷикистон: Шайтона зада омадем, аз роҳи шайтон мегардем (Видео)

Нахустин гурӯҳи 170-нафараи зоирони тоҷик субҳи имрӯз, 21 август аз шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргаштанд.

Нахустин гурӯҳи 170-нафараи зоирони тоҷик субҳи имрӯз, 21 август аз шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргаштанд. Ин гурӯҳи зоирон рӯзи 22 июл ба манзури зиёрати Хонаи Худо аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷидда парвоз карда буданд.

Афшин Муқим, котиби матбуоти Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, ки бозгашти ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 20 август аз Хуҷанд шурӯъ шуда ва то 1 сентябр идома хоҳад кард.

Бояд зикр намуд, ки соли 2018 Арабистони Саудӣ барои зоирини тоҷик ҳудуди 7,5 ҳазор саҳмия ҷудо карда буд. Аммо, дар ниҳоят танҳо ҳудуди 6,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавонистаанд дар маросими ҳаҷ иштирок кунанд.

Инак гузориши тасвирии сомонаи Tajikistantimes.com аз маросими истиқболи ҳоҷиён дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе:

Ширин Тоҳирӣ, хабарнигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *