Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳоҷӣ Мирзо:”Агар ба гурӯҳҳои ифротӣ напайвандем, ҳеч мушкиле пеш намояд”

Руҳонии саршиноси тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар суҳбат бо Хабаргузории “Озодагон” гуфтааст, ҷиҳод фақат куштор нест, балки  обод кардану анҷом додани амалу кирдори савоб мебошад.

Ӯ дар ин суҳбат, мардуми Тоҷикистон бо фарорасидани моҳи мубораки Рамазон таҳният гуфта, дар мавриди мушкилоти озодиҳои динӣ дар ин кишвар, ҷиҳод ва гуруҳҳои ифротӣ изҳори назар мекунад: “Ман ин таклифро ба хотири он кардам, ки руҳониёни шинохтаи мо, ки мардум ба онҳо эътимод доранд, аъзои ҳар гуна гуруҳу равияҳо, махсусан “Салафия” нестанд. Онҳо саводи комили динӣ доранд ва метавонанд дар мубориза бо терроризму “Салафия” пештоз бошанд. Дар мавриди пешниҳодҳо барои имом-хатиб шудан бошад, ростӣ чунин таклифҳо аз ҷониби мардум шуд, аммо бо сабаби хуб набудани саломатӣ дигар ин масъулиятро ба душ нагирифтам. Аммо ҳамеша бо мардум ҳастам ва талош мекунам дар ҳама масъалаҳо ба онҳо маслиҳат бидиҳам. Ба саволҳояшон аз фармудаҳои Худованд дар Қуръони Карим ҷавоб медиҳам. Дар ҳама суҳбатҳо ба ҷавонон таъкид мекунам, ки аз гаравидан ба гуруҳҳои ифротӣ суде нест”.

Ин руҳонии маъруфи тоҷик гуфтааст, ки онҳоеро, ки ба гуруҳои ифротгаро гаравидаанд ва гумонбар ҳастанд, набояд зиндонӣ кард, зеро зиндон ҷои тарбия нест.Ба бовари ӯ, метавон бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ин гуруҳро аз пайвастан ба ҷабҳаи такфириҳо боз дошт: ” Атрофи ин мавзӯъ борҳо дар нишасту мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои сатҳи ҳукуматӣ изҳори назар кардаам. Ҳамеша таъкид мекунам, ки роҳи муассир фаҳмондадиҳӣ тавассути минбарҳоест, ки мардум бовар доранд. Ман ба ин фикрам, онҳоеро, ки дар ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ё ҳамсуҳбат шудан бо онҳо гумонбаранд, набояд зиндонӣ кард. Зеро зиндон ҷойи тарбия нест. Аз таҷриба мегӯям, одамҳое буданд, ки бо иттиҳоми мазҳаби ғайр ба зиндон рафтанд ва баъди озод шудан боз амалҳои худро такрор карданд. Ё нафароне, ки аз ақидаву мазҳаб хабар надоштанд, аз дохили зиндон бо ақидаҳои зидимазҳабӣ берун шуданд. Аз ин рӯ хоҳиши мо ин аст, ки нерӯи корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд қавӣ карда шавад. Аксари онҳо аз ноогоҳиву нофаҳмӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ бо аъзои гуруҳҳои ифротӣ суҳбат мекунанд. Агар мақомот ин гуна нафаронро миёни аъзои маҳалла муҳокима намояд, ислоҳ мешаванд ва дигарон низ хатари гуруҳҳои ифротиро дарк мекунанд”.

Дар идомаи ин гуфтугӯ Ҳоҷӣ Мирзо таъкид мекунад, ки баъзан муҳоҷирон ба ӯ занг мезананд ва аз ҷиҳоду ҷангҳои Сурия суҳбат мекунанд, вале ӯ онҳоро ташвиқ мекунад, ки ба гурӯҳҳои такфирӣ ҳамроҳ нашаванд, зеро ҷиҳод фақат куштор нест: ” Ҳоло баъзан муҳоҷирон телефон карда, мепурсанд, ки оё агар ба кишварҳои Ховари Миёна барои ҷанг бираванд, ҷиҳод мешавад? Ман соатҳо бо онҳо суҳбат карда, мефаҳмонам, ки ин роҳ ғалат аст ва онҳоро ба нестӣ мебарад. Мегӯям, ки ҷиҳод куштор нест, балки аз обод кардану анҷом додани амалҳои савоб иборат аст. Дар Қуръони Карим низ омадааст, ки куштани одамон гунохи кабира буда, ба ҷуз Худованд касе ҳаққи гирифтани ҷони касеро надорад. Хушбахтона, баъди ин суханҳо, ҷавонони муроҷиаткунанда аз фикри рафтану пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ, махсусан ДИИШ мегарданд. Ҳатто миннатдорӣ мекунанд, ки онхоро аз ин нияташон гардондам”.

Ин руҳонии тоҷик дар мавриди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон изҳори назар карда гуфтааст, ки агар гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои тундрави динӣ намебуд, ҳоло мо мушкил ва сахтгириҳои динӣ надоштем: ” Баъзе сахтгириҳо ҳаст, аммо мушкили ҷиддиеро дар ин самт намебинам. Агар дар мазҳаби бобоҳоямон бошем ва ба гуруҳҳои ифротӣ напайвандем, ҳеч мушкиле пеш намеояд”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.