Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Оҷонсии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) ба мақсад нарасид

Ихлосмандони варзиш аз вазъияти ба сари варзишгарони сабуки Русия овардаи Оҷонсии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) хуб огоҳ мебошанд. WADA аз моҳи декабри соли 2015 сар карда варзишгарони сабуки Русияро барои истифодаи допинг – маводи мелдоний гунаҳгор дониста, талаб мекард, ки ба иштироки онҳо дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио де Жанейро иҷозат дода нашавад. Теннисбози машҳур Мария Шарапова,  ҷаҳанда ба баландӣ бо чӯбдаст Елена Исинбаева ва даҳҳо варзишгарони дигари рус, ки имконияти бадастории ҷоизаҳои олимпиро доранд, мебоист бо ин ҷурми сохтаи WADA ба Олимпиадаи Бразилия роҳ намеёфтанд. Дар  ин росто, Кумитаи иҷроияи WADA таҳти роҳнамоии  Ричард Макларен аз  Кумитаи  байналмилалии олимпӣ  тақозои маҳрум сохтани варзишгарони Русияро карда буд.

Аммо Кумитаи  байналмилалии олимпӣ (КМО) дастуру хоҳишоти WADA-ро ба инобат нагирифт ва ба мунтахаби Русия монеа эҷод накард. Президенти КМО   Крэйг Риди ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки   бо қарори КМО мунтахаби Русияро аз Бозиҳои олимпии 2016 маҳрум намекунад.

Ҳисоботи  Кумитаи иҷроияи WADA дар бораи аз ҷониби давлат идоракунии барномаи допингӣ  дар Русия, ки онро Ричард Макларен ба КМО пешниҳод намуда буд, припсипҳои варзиши тозаи дар кодекси умумиҷаҳонии  зиддидопингӣ инъикосшударо доғдор месозад, — изҳор намудааст Крэйг Риди.

Эмоми НАЗАРИЁН

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.