Оғози қабул ба ДОМ дар Хоруғ ва Нарин

Донишгоҳи Осиёи Миёна оғози қабули довталабонро барои таҳсил дар соли хониши 2017- 2018 дар Хоруғ ва Норин эълон кард.

Ба иттилоъи як манбаъ аз ДОМ “Қабули довталабон дар Нарин аз рӯи ихтисоси технологияи иттилотию комуникатсионӣ ва техникаи компютерӣ ва дар Хоруғ аз рӯи бахшҳои замину ҳифзи муҳити зист ва иқтисод сурат мегирад”.

Ба иттилои манбаъ барномаи иқтисод, ки дар “ДОМ”-и Хоруғ пешниҳод мегардад, дар ҳамкорӣ бо мактаби олии иқтисодии Маскав ва барнома дар бахши замину муҳити зист якҷоя бо Донишгоҳи бритониёии Коломб таҳия гардидаст.

“ДОМ” аз довталабон даъват намудааст, ки барои иттилои бештар ба сомонаи www.ucentralasia.org/admissions, почтаи электронии “[email protected]” ва ё тариқи телефонҳои: +996 312 663 822 / +996 770 822 901- Қирғизистон, +992 93 999 99 64-Тоҷикистон, +7 777 822 3948-Қазоқистон муроҷиат кунанд.

Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардида, интизор меравад, аз калонтарин муассисаҳои таълимии минтақа хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *