Оғози даври ниҳоии«Андалеб-2016»

 12 августи соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» бо намоиши барномаи консертӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, он рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ соати 16:30 ва барномаи консертии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати 18:00 пешкаши тамошобинон мегардад.
«Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, то 21 август идома хоҳад ёфт. 23 август Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ ҷамъбаст мегардад», — илова намуд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *