Оғози сохтмони роҳи 3-ошёна дар шаҳри Душанбе

Даврароҳи маҳаллаи 82-юм дар пойтахти мамлакат ба муддати 2 сол баста мешавад. Дирӯз ба чунин қарор раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муносибати оғози роҳи 3-ошёна (эстакада) дар маҳаллаи мазкур омад.
Ҳаракати ҳама намуди нақлиёт то анҷоми сохтмони ин роҳи ғайриоддӣ то 30 июли соли 2018 қатъ карда мешавад.
Роҳи мошингарди сеқабата дар заминаи лоиҳаи «Беҳтаргардонии вазъи роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд мегардад.
Роҳи нави нақлиётии мушкилосонкуни 3-қабата дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва и Бобоҷон Ғафуров ҷой дода мешавад. Дар қабати дуюми он роҳи доирашакл сохта мешавад, ки ҳаракати нақлиётро дар он чароғакҳо ба танзим медароранд. Дар қабати сеюм пули дарозиаш 125-метра аз самти шарқ ба самти ғарб бунёд меёбад. Ҳамзамон, дар ҷараёни сохтмон 4 гузаргоҳи зеризаминӣ низ сохта мешавад.
Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар чорчӯбаи ҳамкориҳои Ҳукумати мамлакат бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторҳо татбиқ карда мешавад. Пудратчии лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва пулҳои «Синсзян-Бейсин»-и Чин буда, ба сифати корҳо ширкати консултативии «SAI» Ҳиндустон назорат мебарад. Ба ин мақсад БАТР барои Тоҷикистон ба маблағи 35 млн. доллари ИМА қарз медиҳад.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *