Ҳоҷӣ Тоҳир барои пайравӣ аз “Салафия” боз маҳбасӣ шуд

 

Суди шаҳри Кӯлоб Тоҳир Ашӯров, мулаққаб ба Ҳоҷӣ Тоҳирро ҳамчун узви ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия”, 7 сол равонаи мањбас кардааст.

Аз мақомоти амниятии Тоҷикистон хабар доданд, ки Тоҳир Ашӯрови 36-сола аз ҷониби кормандони КДАМ дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуда буд. Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда дар яке  аз донишкадаҳои исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ таҳсил карда,, муваққатан бекор будааст: ҳангоми боздошт аз манзили ӯ адабиёти зиёди диние, ки “Салафия”-ро тарғиб мекунад, дарёфт гардид”. 

Суди шаҳри Кӯлоб Тоҳир Ашӯровро соли 2010 низ барои пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” равонаи маҳбас карда буд. Он замон вай 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва соли 2012 дар асоси қонуни авф  озод гашт. Ин навбат муҳлати ҷазоро дар маҳбаси низомаш пурзӯр пушти сар мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *