Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода: Рамазон закоти бадан аст!

 

Фарорасии моҳи мубораки Рамазон, моҳи раҳмату мағфират, файзу баракат, эҳсону мурувват ва сабру қаноатро ба кулли мардуми мусулмони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, дар заминаи табрикоти худ суҳбатеро, ки бо Сархатиби масҷиди ба номи “Шайх Муслиҳиддин”, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода доштем, пешкаши хонандагони азиз менамоем.

 -Моҳи шарифи Рамазон чӣ мақоме дар ҳаёти аҳли мусалмонон дорад?

-Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!

Моҳи мубораки Рамазон моҳи ибодат аст. Албатта дар ҳар ибодат парвардигар чандин ҳикматҳоро муайян кардааст. Яке аз ин ҳикматҳо, ки имрӯз илми тиб муайян намудааст, ҳамин аст, ки рӯза доштан ба бисёр дардҳо давост. Дар ҳадиси ҷаноби Расули Акрам (с) омадааст: “Ҳар як чиз закот дорад, закоти бадани инсон, ҷисми инсон, ин рӯза аст”. Маънои закот “тоза кардан аст”. Вақте ки соҳиби пул ё мол закот медиҳад, пулу молаш тоза мешавад, ҳамчунин вақте инсон рӯза медорад, ҷисму руҳаш тоза мешавад. Моҳи мубораки Рамазон дар баробари “закоти бадан” будан, моҳи меҳру муҳаббат аст. Дар ин моҳ дар байни аъзоёни оила, дар байни ҳамсояҳо, аҳли маҳалла меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат афзун мегардад. Дар сураи Бақара, ояти 183-юм гуфта шудааст: “Эй онҳое, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, то шумо (аз ин роҳ) тақво намоед”. Тибқи ояти мазкур рӯза доштани моҳи шарифи Рамазон бар ҳамаи онҳое, ки аҳли имон ва оқилу болиғу саломат ҳастанд, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва шуғлашон фарз мебошад. Тарк карданаш гуноҳи кабира ва инкораш куфр аст.

-Баъзеҳо “ман мусулмони асил ҳастам!” гӯён, мушт бар сина зада, бо ифтихор рӯза медоранд, вале аз забонашон мудом дашному ҳақорат меборад. Корашон аз субҳ то шом дилозорию ғайбати дигарон аст….

Моҳи мубораки Рамазон моҳи ахлоқи некӯст. Рӯзадор бояд бо тамоми аъзои баданаш парҳезкор бошад. Дурӯғ нагӯяд, ғайбат накунад, аз дашному ҳақорату дағалӣ парҳез намояд, хулоса аз тамоми гуноҳҳо худдорӣ кунад.

-Дар рамазон баҳсу мунозира кардан мумкин аст?

-Не, тавре, ки гуфтам, моҳи мубораки рамазон моҳи покист. Инсон бояд дар ин моҳ аз гуноҳҳои гузаштааш тавбаву истиғфор намуда, кӯшиш намояд, ки дигар гуноҳ накунад.

-Хушдоманҳое ҳастанд, ки вақти ифтор ё саҳарӣ “ҳунар надорӣ, хӯроки пухтаат шӯр ё бе намак” гӯён, дили келинашонро меранҷонанд…

-Дилозорӣ гуноҳи бузург аст, хоса дар моҳи шарифи рамазон. Рӯзадор бояд пеш аз ҳама ахлоқи некӯ дошта бошад. Паёмбари акрам (с) фармудааст: “Рӯза танҳо худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан нест, балки он худдорӣ аз лаҳву беҳудагӣ, бадрафторӣ ва носазогӯист. Одам рӯза дораду аз суханони молояънӣ (қабеҳ, дурушт) ва ҷангу ҷанҷолу буғзу адоват худдорӣ накунад, аз нахӯрдану наошомиданаш суде нест.

-Ҳолатҳое мешаванд, ки ғайри ихтиёр кас маҷбур мешавад сухани сахт бигӯяд ё худро ҳимоят намояд, масалан, дар роҳ тасодуфан гапат бо ягон кас мегурезад. Дар ин ҳолатҳо чӣ бояд кард?

-Касе туро ҳангоми рӯзадорӣ дашном диҳад ё бар ту ғазаб намояд, бигӯ: “Ман рӯзадорам!» Яке аз дарсҳои муҳими рамазонӣ ин аст, ки шахси рӯзадор бо тамоми ахлоқи некӯ мусаллаҳ шавад ва дар баробари ҳар ҷоҳилу беадаб хушахлоқу фурӯтан бошад. Бо ахлоқу рафтораш амалан нишон диҳад, ки ӯ дар баробари амри Офаридгори хеш бо тамоми ҳастӣ таслим шуда, одатҳои баду ношоистаи худро тарк намудааст.

-Мегӯянд, ки рамазон аслан як рӯз аст, вале кадом рӯз буданашро надониста як моҳи тамом рӯза медоранд?

-Дар Қуръони азимушшанъ омадааст, ки Парвардигор барои шумо рӯзаро фарз гардонид, чуноне, ки дар дигар динҳо ҳам фарз гардонида шуда буд.  Ҳар як дин рӯзаи худро дорад, аз он  ҷумла дар дини мубини Ислом як моҳ рӯза доштан фарз аст. Аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб!

-Саҳархӯрӣ накарда рӯза доштан мумкин аст?

-Саҳархӯрак ва ифтор фазилатҳои худро доранд, вале саҳарӣ таом тановул кардан фазилати бештар дорад. Дар ин масъала чандин ҳадисҳои ҷаноби Расули акрам (с) вуҷуд доранд. Кас қасдан барои саҳархӯрӣ нахезад, аз он фазилате, ки ҷаноби Расулуллоҳ (с) фармудаанд, бенасиб мемонад, аммо дар хоб монда бошад, метавонад таом нахӯрда рӯзаашро дорад.

Вақте инсон бемор асту тавони рӯзадорӣ надорад, бояд чӣ кор кунад?

-Сифатҳои ҳамидаи моҳи мубораки Рамазон дар оятҳои Қуръони карим дарҷ гардидаанд. Каломи осмонии Худованди мутаол гиромӣ доштани ин моҳи муборакро таъкид сохта, дар баробари ин, имтиёз ва сабукиҳоро барои ҳар як мусулмон муқаррар кардааст, ки банда метавонад аз онҳо истифода барад. Аз ҷумла, дар ояи 185-уми сураи «Бақара» омадааст: «…Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад…». Шахсоне, ки сабабҳои узрнок доранд, ҳамчунин афроди мусофир, беморон, дардмандон ё аз ҳад зиёд барҷомондагон метавонанд дар ин моҳ рӯза нагиранд ва вақте ба Ватан бармегарданд ё пурра шифо меёбанд, мувофиқ ба фаслу замон ин фаризаро иҷро намуда, қалби хешро пок созанд.

-Модарони кӯдаки ширхорадошта ҳатман бояд рӯза доранд?

Дар масоили фиқҳӣ якчанд нафар соҳиби узр ҳисоб мешаванд, аз ҷумла зани  ҳомиладор ё модаре, ки тифли ширхора дорад. Модаре, ки тифли ширхора дорад ва доштани рӯза ба худаш ё фарзандаш зарар мерасонад, метавонад рӯзаро хӯрда, баъдан қазои онро дорад.

-Фитри рӯза чӣ хел муайян карда мешавад?

-Дар моҳи Рамазон ба сарватмандон ва қишри дорои ҷомеа шариат дастури қатъӣ медиҳад, ки аз моли худ ҳиссаеро ба шахсони камбизоат ва фақиру мискин диҳанд. Кӯмак ба бенавоёну камбизоатон дар ин моҳ тавсиявӣ набуда, пардохти он ҳамчун садақаи фитр кори ҳатмист. Тибқи қарори Шӯрои уламои дини ҷумҳурӣ имсол садақаи фитри рӯза барои ҳар як инсон 5-сомонӣ муайян карда шудааст. Ин миқдор садақа ҳаққи ятимон аст ва бояд ба онҳо расонида шавад.

-Касоне, ки рӯза намегиранд, фитри рӯза медиҳанд?

— Бале, медиҳанд. Фитри рӯза як навъи садақа аст. Ин ёрдам ба камбизоатон аст, то дар ҳамин моҳи мубораки Рамазон дастурхони онҳо ҳам обод бошад. Ҳар кӣ мехоҳад савоби дучанд бигирад, дар ин моҳ ба ятимону барҷомондагон ва бечорагон то қадри имкон дасти ёрӣ дароз намуда, дили онҳоро шод созад. Касе, ки рӯза надоштааст, агар хайру эҳсон кунад, албатта аз фоида ва савоб холӣ намемонад.

-Дар моҳи шарифи Рамазон муслимини кишвар дар назди биноҳои истиқоматӣ намози таробеҳро ташкил мекунанд. Ба андешаи Шумо чунин рафтор дуруст аст?

-Ибодат бояд ҷои мувофиқи худро дошта бошад. Дар тамоми ҷумҳурии мо 5 (панҷ) вақт намоз-намози ҷумъа, намози идайн ва хусусан намози таровеҳ  дар масҷидҳо хонда мешавад. Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз  чаҳор ҳазор масҷид аст. Ин неъмати бузургест. Мо бояд шукри ин неъмат гуфта, намозҳои худро дар ин масоҷид адо намоем.

 —Ғолибан айёми Рамазон баъзеҳо ифтор барпо мекунанд ва дар дохили масҷид мардум пас аз намози таробеҳ ба тановули маводи хӯрокворӣ машғул мешаванд. Оё дар масҷид тановул кардан дуруст аст?

-Масҷид макони ибодат аст, макони таомхӯрӣ нест. Масҷид ҷои ибодат,  ҷои намозгузорӣ, ҷои дуо  аст. Макони хӯрокхӯрӣ ҷойхонаю ошхонаҳо аст. Дар  вилояти Суғд дар ягон масҷид мардум ба тановули хӯрок машғул намешаванд.

-Одамоне ҳастанд, ки дар моҳи шарифи рамазон тибқи вазифа ё ягон зарурати дигар ба сафар мебароянд. Ҳангоми сафар кардан аз як макон ба макони дигар дар фосилаи чӣ кадар роҳ рӯзаро мехӯранд?

асоне, ки мусофир ҳастанд, агар ба роҳи зиёда аз 100 км мерафта бошанд, метавонанд, ки рӯзаашонро бихӯранд.

-Таманнои шумо ба хонандагони “Оила” дар ин моҳи муборак?

-Дар моҳи шарифи Рамазон дуо мекунам, ки Тоҷикистони азизамон тинҷу ором бошад ва мардум таҳти роҳбарии пешвои миллат сарҷамъ гарданд. Ибодатҳое, ки мекунем, ба даргоҳи Худо мақбул гашта, дуоҳои моро мустаҷоб гардонад. Омин!

Фарзона Муродӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.