Оби нӯшокӣ қиммат мешавад

Алимурод Тағоймуродов, раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” аз болоравии нархи об дар кишвар хабар дод. 

Тағоймуродов зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки дар назар аст, имсол арзиши як метри мукааб об барои сокинон 10 фоиз боло бурда шавад. Ӯ афзуд, арзиши аслии як метри мукааб об 2,3 сомонӣ аст, вале феълан сокинон 80-90 дирам пардохт мекунанд: “Бино бар ин дар соли 2017 нархи об боло бардошта мешавад”.

Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”  қаблан иттилоъ дода буд, чизе бештар аз нисфи сокинони кишвар ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Алимурод Тағоймуродов, раиси ин корхона 14 январи соли гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии кишвар ба оби нӯшокӣ дорад. Ӯ мегӯяд, барои бо об таъмин кардани 43 дарсади аҳолӣ 2 миллиард доллар лозим аст: “Агар мо ҳар сол 54 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ кунем, барои пурра таъмин намудани аҳолӣ ба оби ошомидани 85 сол вақт лозим. Мо ҳамроҳ бо мутахассион ин масъаларо таҳлил карда, ба ҳукумат пешниҳод кардем”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *