Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Обид Асомов ба Тоҷикистон меояд, аммо…

  Обид Асомов- ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон ки инак қариби як даҳсола муқими Русия аст, рӯзи 28-уми июл вориди Душанбе мешавад.

  Ҷонибек Муродов, ҳунарманди маъруфи тоҷик гуфт, ки дар шумораи навбатии барномаи фарҳангӣ- фароғатии интернетияш- «Шоми Душанбе», ки шоми 28-уми июл дар «Кохи Малика» баргузор мегардад,  ин навбат ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон Обид Асомов меҳмон мешавад:

« Мо бо Обид Асомов дӯстони дерина ҳастем. Хонаводаи мо бо устод робитаи хуби дӯстию ҳамкорӣ дорад. Аснои сафари навбатиям ба Русия ман бо Обид Асомов вохӯрда, ӯро ба барномаам даъват намудам ва ӯ рад накарда, гуфт, ки санаи пахшро муайян кунам, ӯ ҳатман хоҳад омад. Ва чунончӣ мебинед, акси ӯ дар банери пахши навбатии «Шоми Душанбе» нашр гардидааст».

Мавриди зикр аст, ки “Шоми Душанбе” бо ташаббуси студияи JM Production таҳия шуда, танҳо тавассути шабакаи ҷаҳонӣ дастрас аст ва дар телевизионҳои дохилии Тоҷикистон намоиш дода намешавад. Ҳадафи ин барнома – муаррифӣ ва  таблиғи ҳунари попи тоҷик аст.

 Пештар аз ин дар пахшҳои қаблии «Шоми Душанбе» гурӯҳҳои ҳунарии “КВН Тоҷикистон”, театр-студияи “Хандинкамон” табъи ҳозиронро хуш гардонида, пайваста бо меҳмонҳои даъватшудаи ин маҳфил – овозхон ва чеҳраҳои маъруфи ҳунар мусоҳибаву шӯхиҳо мекарданд.

«Идеяи ин барнома аз “Комеди Клаб”-и русӣ гирифта шудааст, ки дар навбати худ як шакли барномаи тафреҳии телевизионии амрикоист. Ин барнома танҳову танҳо бо ҳадафи тафреҳ, хушгузаронӣ, дастригиву таблиғи ҳунари попи тоҷик таҳия мешавад»- мегӯяд  Ҷонибек Муродов.

Дар барномаи наврӯзии “Шоми Душанбе” ҳунармандони маъруфе мисли Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Сурайё Қосимова, Ҷӯрабек Муродов ва дигар ситораҳо ширкат доштанд.  Дар нашри сеюми барнома бошад, Имомалишои Муборакшо, писари овозхони зиндаёд Муборакшоҳ Мирзошоев муаррифӣ шудааст. Барнома ба ду забон – тоҷикиву русӣ ҷараён мегирад ва ба гуфтаи муаллифонаш, ҳадаф дорад доираҳои мухталифи тамошобинро ҷалб кунад.

Ҷонибек Муродов мегӯяд, ки ҳадаф надорад ин барномаро барои намоиши телевизионӣ пешниҳод кунад ва бо ҳамин шакли тақдимаш тавассути Интернет қаноат мекунад. Вай умедвор аст, ки ин барнома дар ниҳоят аз ҷониби доираи васеи тамошобинон қобили қабул мешавад, чун ҳеҷ “паём ва ё рисолати баде надорад, танҳо ҳадафаш дилхушиву тафреҳ аст”. Тамоми хароҷоти таҳияи барнома ва эҷоди сенарияи он ба дӯши кормандони ширкати JM Production аст.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Бахтиёр Икболшоев 27.07.2016 11:07

    Хамин кадараш намерасид. Ин Обид Асомов як маймунбоз аст. Чонибек ту дигар одам наёфти? Хамин Аловуддини худамон аз 10000 обитд асомуву пасомов болотар аст. Шумо точикон ах аз бегонапарастиятон намондед, ки намондед!

    • Асомов лучший 27.07.2016 11:48

      Ба шухихои хамон Аловаддин факат худаш механдаду бас. Обид Асомов аз Аловаддин даххо маротиба сатхи санъаташ баландтар аст. Бехуда уро ба Кривое Зеркало даъват накарданд. Бегонапарасти мегуед, лекин миллатчиги аз он бадтар аст.

  2. Маъмура 27.07.2016 11:09

    илтимос хамин шабнами сураёра даф кунед рох надихед. Дар хама чо афти хунукаш хаст. Чонибек як бор аз руйи хамин шарманда шуди бас набуд. Чем шабнама Нигиная даъват куни намешад?

  3. мухлиси Чурабек Муродов 27.07.2016 11:12

    Чонибек додар як маслихат. як мох отпуск гиру ба китобхонаи падарат гирд оварда дарою як мох набаромада акалан 30 тоша хон ки гапзанит адаби шавад. охир айб аст барои фарзанди Чурабек Муродов як чумлаба 10 хато мекуни. акалан «санъати сухан2-и Туракул Зехниро хон. Як кам хам бошад сухандониро ёд мегири. Ба Худо аз тамошои барномаи якумат шарм доштам.

  4. Точик 27.07.2016 11:14

    Чонибек аз хамин асомова дида Афзалшох Шодиева даъват куни намешад? Ин узбакора барои чи даъват мекуни. Инхо сояи точиконро аз девор метарошанд ту боши уро 2дусти хонадонамон» мегуи

  5. Наргиза Рахимбаева 27.07.2016 11:18

    Хунарманди маъруфи Узбекистон???? Фарангис! Чаро чизе, ки Чонибек гуфт хавая менависи? О ин Асомов да Узбакистон кадру манзалате надорад! Ин танхо барои Чонибекат «маъруф» асту халос! Гумон намекунам ки хатто худат ин «маъруф»-хунармандро шиноси!

  6. Диана 27.07.2016 11:19

    Ҷонибек Муродов мегӯяд, ки ҳадаф надорад ин барномаро барои намоиши телевизионӣ пешниҳод кунад ва бо ҳамин шакли тақдимаш тавассути Интернет қаноат мекунад. Вай умедвор аст, ки ин барнома дар ниҳоят аз ҷониби доираи васеи тамошобинон қобили қабул мешавад, чун ҳеҷ “паём ва ё рисолати баде надорад, танҳо ҳадафаш дилхушиву тафреҳ аст”. Что за бред-а? Он был бы рад, если эту програму выпускали на ТВ, но увы, неположенно…

  7. Неъмат 27.07.2016 11:21

    Барномаи зуру Чонибек камтар гап задана ёд мегирифт боз хубтар мешуд. Хай охиста-охиста мешавад.

  8. Anvarxon Nasriddinov 27.07.2016 15:29

    Аммо? Мак,оларо хондам , аммо?

  9. Нихони 28.07.2016 23:21

    Имруз бикун чу метавони коре
    Фардо чи куни ки натавони кардан. Чонибек бародар зинда боши

  10. Ориф Элбеков 03.08.2016 14:18

    Э шумо чихел одами бадбахт хастед миллиат парасти мекунед, чи узбек одам нестай. Хайфи шумо

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.