Одами калидии “Лаҳзаҳои гуворо” 68-сола шуд

Имрӯз, 11 май Холмурод Сиддиқов, яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи мо, ҳунарпешаи театр, Ҳунарманди шоитаи Тоҷикистон ба синни 68-солагӣ расид, ки муборакашон бод.

Холмурод Сиддиқов солҳои зиёд тариқи барномаи ҳаҷвии телевизионии “Лаҳзаҳои гуворо” рӯҳи мардумро бо зарофатҳои намакину ҳаҷвиёти обдораш хуш мекард, вале аз чӣ бошад, ки солҳои охир намояндагони ин гурӯҳи ҳаҷвӣ пароканда шуда, дар шабакаи YouTube барномаро ба ду тақсим карда, қисме “Лаҳзаҳои гуворо” ва қисми дигар “Лаҳзаҳои ногувор” омода мекунанд.

Холмурод Сиддиқов 11 майи соли 1953 дар деҳаи Искичи шаҳри Ҳисор) ба дунё омада,  ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мебошад.

Холмурод Сиддик — музыка, скачать музыку mp3, все треки Холмурод Сиддик

Хатмкардаи (1976) Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав аст.

Дафтарчаи меҳнатиашро дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов боз намуданд ва қариб чор даҳсола аз қайди актёрӣ набаровардаанд. Ҳисоб кардан душвор аст, ки дар чанд намоишнома пайи дасташро гузоштааст, вале нақш хоҳ калон асту хоҳ хурд, ҳамеша бо ҷиддият офаридааст.

Лаёқаташ дар мазҳака беҳамтост. «Мавзӯи озод», «Арӯс ва домод», «Таронаи муҳаббат», «Умед», «Сухани вопасин», «Фиғон», «Саргузашти Ҳотами Той», «Донаки сеҳрнок», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Нафси бад — балои ҷон», «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст» барин спектаклҳо аз ҳунараш ҷилои тоза ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *