Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Офат 338 хонаи Хуросонро вайрон кард. Мақомот ба сокинонон чӣ ваъда доданд?

Бар асари офатҳои табиии як ҳафтаи охир дар ноҳияи Хуросон 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст.

Асосан боронҳои шадиди рӯзҳои охир ба деҳаҳои Неъматулло Асадулло, XVIII Партсъезд ва Хуросони ҷамоати ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин, рустои Пахтаободи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон сели бештар омад. Дар натиҷа 338 хонаи истиқоматӣ зарар дид, аз ҷумла 14 хона пурра ва 1 хона қисман хароб шудаанд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки 14 май кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва техникаҳои махсус бо мақсади роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи осебдида сафарбар карда шуданд.

“Бо талоши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон то имрӯз 28 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз лойоба тоза гардида, корҳои дигари бартарафсозӣ идома доранд. Инчунин, 35 хайма барои ташкили шаҳраки муваққатии хайманишинон ҷудо шуда, хонаводаҳое, ки ҷойи рафтан надоштанд, дар он ҷойгир карда шуданд”, -иттилоъ медиҳад кумита.

Дар ҳамин маврид, Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки 18 май муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияи офатрасида дидан намуданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот бо сокинони аз офати табиӣ зарардида зикр намуданд, ки тамоми хонаводаҳои аз манзили зист маҳрумгашта бо қитъаҳои замин дар маҳалли бехавф ва кумакҳои пулию молӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода иттилоъ дод, ки дарнатиҷаи аз ҳудуди васеи дараҳо ба канали шохаи рост дар деҳаи Пахтаобод ворид гардидани селоба се қисмати ин канал дар масофаи 35 метр рахна шуда, пикети №659 ба масофаи 240 метр вайрон ва ба ҷарии 40-50-метра фурӯ рафтааст, ки обёрии майдони 2600 гектар заминҳои хоҷагиҳо ва наздиҳавлигӣ ғайриимкон гардидааст. Селобаи калон ба минтақаҳои поёнӣ ҷорӣ шуда, инфрасохтори деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Н. Асадулло, Ҳалқаҷар ва 18-ум анҷумани ҳизбро хароб намудаанд. Қисми зиёди роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Пахтаобод вайрон шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.