Охирин паёми генерал : “Дар паноҳи Худо бошед!”

Маризии он касро пизишкон «илтиҳоби шуш” ташхис дода буданд.

Генерал-майор Милопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон, собиқ муовини раиси агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 7 октябр дар синни 61 аз олам чашм пӯшид.

Яке аз наздикони генерал Бандишозода гуфт, ки ӯ ба «илтиҳоби шуш” гирифтор шуда, ҳудуди 10 рӯз дар шифохонаи марказии шаҳри Бохтар ва ду рӯзи охир дар шифохонаи бемориҳои сироятии кӯдакон, ки дар шафати бемористони «Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, табобат мегирифт.»Маризии он касро пизишкон «илтиҳоби шуш” ташхис дода буданд. Имрӯз пас аз зуҳр ба мо хабар расид, ки генерал ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, — гуфт ин манбаъ. Милопар Бандишозода солҳои 2011-2015 муовини раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия буд . Бандишозода соли 2013 соҳиби унвони генерал-майор шуд. . Дар охирин паёмаш дар саҳифаи худ дар Фейсбук Милопар Бандишозода ду моҳ пеш навиштааст: «Дар паноҳи Худо бошед!»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *