Оилаи як тоҷикистонии узви ДИИШ аз Афғонистон баргашт

Аъзои як хонаводаи тоҷикистонии узви ДИИШ пас аз таҳаммули сахтиҳои зиёд ба зодгоҳашон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бозгаштаанд.

Аъзои як хонаводаи тоҷикистонии узви ДИИШ пас аз таҳаммули сахтиҳои зиёд ба зодгоҳашон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бозгаштаанд.

Тавре «Парс тудэй» хабар медиҳад, Нодира Усмонова ба тозагӣ  ҳамроҳи 3 фарзандаш аз Афғонистон ба зодгоҳаш баргашта ва мавриди афв қарор гирифтааст.

Сарнавишти ҳамсари ӯ Фарҳод Усмонов, ки худ ба созмони террористии ДИИШ гаравида ва аъзои хонаводаашро тавассути ашхоси вобаста ба ин гуруҳ дар соли 2017 ба Афғонистон мунтақил карда буд, ҳануз равшан нашудааст. Илҳом Усмонов, падари Фарҳод гуфтааст, ки писараш эҳтимолан дар ихтиёри мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор дорад.

Фарҳод Усмонов ва хонаводааш муддатҳо ба дасти ДИИШ ва Толибон  гирифтор буданд, то ин ки тавассути неруҳои давлатии Афғонистон дастгир ва ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълон карданд, ки ҳудуди 1900 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гуруҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 500 нафар кушта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *