Олмон: Муштзани тоҷик дар ҳолати кома аст

Пизишкони Олмон як муштзани тоҷикро дар шаҳри Кёлни ин кишвар ҷарроҳии мағзӣ кардаанд. Даврон Маҳмадов, муштзани 24-солаи тоҷик, ҳафтаи гузашта зимни тамрин бо хӯрдани зарб аз ноҳияи сар ба беҳушӣ (кома) афтодааст. Вай барои иштирок дар як мусобиқа дар Ҳолланд, ки қарор буд, 1 апрел баргузор шавад, омодагӣ мегирифт. Даврон Маҳмадов зодаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, ба қавли наздиконаш, тайи тақрибан даҳ соли охир боз ба бокс машғул будааст.

Алимҷон Маҳмадов, падари ин муштзани тоҷик,ба расонаҳо гуфтааст, ки рӯзи гузашта пизишкон ҷарроҳии мағзӣ анҷом доданд, вале ӯ то ҳол ба худ наомадааст.

Ӯ гуфт, пизишкон барояш гуфтанд, ки мағзи сари писараш аз қабл осеб дида ва зарби охирин ӯро аз пой афтондааст. «Мурабиии украиниаш гуфт, ки замони машқ якбора аз ҳуш рафт ва онҳо фавран ба бемористон бурдаанд. Бачаи ҷавон солҳои пеш сараш зарб хӯрда будааст, вале ё нафаҳмидааст ва ё аз ҷавонӣ худашро табобат накардааст», — афзуд Алимҷон Маҳмадов.

Алимҷон мегӯяд, се рӯзи пеш аз сафорати Олмон дар Душанбе фавран раводид дастрас карда, ҳоло болои бистари писараш қарор дорад. Масъулони беморхонаи Клён  вазъи ин ҷавонро “вазнини миёна” арзёбӣ карданд, вале аз тафсилоти бештар худдорӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *