Олмон: занозании тоҷикбачаҳо бо чиченҳо

Чанд рӯз боз байни паноҳҷӯёни тоҷику чечен дар шаҳри Дуйсбурги Олмон муноқиша идома дорад. Рӯзи 24 январ як гуруҳи паноҳҷӯёни тоҷик ба ҳимоят аз чанд ҳамватани худ ба як ширкати сохтмонӣ рафта, бо паноҳҷӯёни чечен «разбор” кардаанд. Чеченҳо рӯзи 27 январ ба манзили паноҳҷӯёни тоҷик омада, се нафарро шадидан латтукӯб кардаанд ва мошини БМВ-и тоҷикҳоро гирифта, онҳоро боз 2500 евро «ҳақ” бастаанд. Бар асари ин латтукӯб бештар аз ҳама Муҳаммад ном ҷавони зодаи Душанбе (ДАР АКС) осеб дидааст.

Ба гуфтаи паноҳҷӯёни тоҷики огоҳ аз ҷараёни ин муноқиша, моҷаро байни тоҷикҳову чеченҳо дар як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Дуйсбург оғоз ёфтааст. Дар ин ширкати сохтмонии марбут ба Эмре ном зодаи Туркия байни коргарони тоҷику чечен нофаҳмӣ сар мезанад ва бачаҳои тоҷик ҳамватанҳои худро ба кумак даъват мекунанд.

Дуйсбург дар ғарби Олмон, дар тақрибан 30-километрии шимоли Дюсселдорф дар замини Рейни шимолӣ – Вестфалия ҷойгир шудааст.

 Рӯзи 24 январ як гуруҳи тоҷикҳо ба ин ширкати сохтмонӣ омада, бо се чечене, ки онҳо кор мекунанд, ба истилоҳ «разбор” мекунанд. Видео аз ҷараёни ин «разбор”-ро дар Интернет низ нашр карданд, вале баъди чанде онро пок карданд.

Рӯзи панҷшанбе «разбор” асосан бо бигӯ-бигӯи тарафайн анҷом шуд ва ба занозанӣ напечид.

Вале шоми 27 январ чеченҳои дилозурда тақрибан 15 ҳамватани худро ҷамъ оварда, ба маҳалли зисти коргарони тоҷик ҳамла овардаанд. Онҳо дар манзил се тоҷикро пайдо карда, ҳарсе латтукӯб кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати «Ахбор”, аз ҳама бештар Муҳаммад ном як ҷавони зодаи Душанбе, ки ду сол боз дар Олмон зиндагӣ мекунад, осеб дидааст.

Чеченҳо ҳамин тавр, як мошини БМВ-ро, ки тоҷикҳо бо он ба кор рафта меомаданд, кашида гирифта, ба болои ин, то рӯзи 28 январ ба коргарони тоҷик фурсат додаанд, ки 2500 евро ҷамъ оварда, бояд ба онҳо бидиҳанд.

Дар солҳои охир ҳазорон зодаи Тоҷикистон бо талаби паноҳандагӣ ба кишварҳои Аврупо рӯ овардаанд. Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2015 ба ин тараф аз 8 то 10 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар кишварҳои гуногуни Аврупо дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Манбаъ Ахбор

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *