Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Омӯзиши ду ҳафтаина дар ТВ “Баҳористон” барои муҳассилини тоҷик

Дар давраи таътил ба хонадагони муассисаҳои таълимии кишвар, ки аз 27-ум то 10-уми май эълон шудааст, дар ТВ “Баҳористон” ду барнома омӯзишӣ роҳандозӣ шуд. Инҳо «Сандуқчаи зулбиё» ва «Бо ҳам меёбем» буда, дар давраи таътил барои мактаббачагон ҷиҳати омӯзиши дарсҳо мусоидат менамоянд. Дар ин бора Сиёвуш Хидирзода, муовини аввали директори Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, силсилафилми «Сандуқчаи зулбиё» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҳия гардида, аз 24 қисм иборат мебошад. Он фарогири ҳамаи фанҳои мактабӣ буда, аз рӯзи душанбе то ҷумъа, соати 7:35 тариқи «Баҳористон» пахш мегардад. Ҳамзамон, бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф силсилафилми «Бо ҳам меёбем» таҳия гардидааст, ки онро тамошобинон, хусусан наврасон метавонанд соати 7:00 аз ТВ «Баҳористон» тамошо кунанд.
Ёдрас мешавем, ки 25 апрел таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.