Ҷоми КФО-2017: «Истиқлол» ғалаба накард

Ҷоми КФО-2017: «Истиқлол» ғалаба накард

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври дуюми вохӯриҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар минтақаи Марказӣ ғалаба карда натавонист, аммо як холро соҳиб гашт.

4-уми апрел вохӯрии «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Алтин Асир»-и Балканобод (Туркманистон) дар варзишгоҳи «Спорт топлумӣ»-и ин шарҳ шоми рӯзи баргузор шуд. Футболбозони тоҷик аввалин шуда, ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 31-ум ба Ҷаҳонгир Алиев муяссар шуд, ки дастаашро ба пеш барорад. Бо ҳамин ҳисоб дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар қисми дуюм соҳибони майдон дарҳол бартариро ба даст гирифтанд ва бо кӯшиши Олтимурат Аннадурдиев ҳисобро баробар карданд. Дар идомаи бозӣ тарафҳо натавонистанд, ки ҳисобро тағйир диҳанд. Дар охири бозӣ Ромиш Ҷалилов («Истиқлол») қоидаи бозиро маротибаи дуюм вайрон кард ва корти сурх гирифт.

Баъди ду давр «Истиқлол» ва «Алтин Асир» соҳиби 4 имтиёз, «Дордой» 3 имтиёз шуданд, «Алай» ҳанӯз имтиёз ба даст наовардааст. «Истиқлол» бозии ояндаи худро дар Ҷоми КФО 18-уми апрел дар Душанбе бо дастаи «Алай»-и Уш (Қирғизистон) мегузаронад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *