Ҷоми КФО-2017: «Ҳосилот»- «Шоҳини Осмоӣ» — 1:0

Ноиб-чемпиони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои нуқрагини мавсими футболи соли 2016 «Ҳосилот»-и Фархор бозии аввалинашро дар марҳилаи пешакии  Ҷоми КФО -2017 аз ғалаба оғоз кард.

Бозӣ нисфирӯзии 31 январ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт диданӣ ҷараён гирифт. Футболбозони  «Ҳосилот» дастаи «Шоҳини Осмоӣ»-и Афғонистонро дар ҳузури 10 ҳазор мухлис бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Тӯби ягонаро ба дарвозаи меҳмонон дар дақиқаи 35-ум ниммуҳофизатгар Иброҳим Рабимов ворид намуд,

Вохӯрии ҷавобии ин дастаҳо 7 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад. Дар сурати 0:0 мусовӣ анҷом ёфтани  бозии дуюм  «Ҳосилот» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО роҳхат мегирад. Аммо беҳтар аст, ки дар ин бозӣ ҳам пирӯзӣ ба даст орад. Футболбозони афғон ният доранд, ки дар бозии дуюм реванш гиранд.

Тазаккур медиҳем, ки Ҷоми КФО дар Осиё дуюмин мусобиқаи бануфуз маҳсуб ёфта, дар марҳилаҳои гуногуни он то ин замон дастаҳои «Регар-ТадаЗ»-и Турсунзода, «Равшан»-и Кӯлоб, «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Хайр»-и Ваҳдат иштирок намудаанд

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *