Ҷоми Осиё-2018: Тоҷикистон- Баҳрайн- 0 :4

Бегоҳии  5 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон бозии дуюмашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 (гурӯҳи “А”) бар тими Баҳрайн бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст бохт.

Рим Юсуф Ал-Ҳашмӣ, бозигари мунтахаби Баҳрайн, дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду гол зад. Нахуст ӯ дар дақиқаи 17-ум ба ҷаримагоҳ ворид шуда, бо дарвозабон як ба як баромад ва аз масофаи наздик тӯбро ба ҳадаф расонд. Пас аз се дақиқа вай тӯби дувумро аз масофаи дуртар, аз назди хати ҷаримагоҳи мизбонон, ба тӯри дарвоза ворид кард.

Нимаи думми бозӣ бо ҳуҷуми баҳрайниҳо оғоз ёфта, бо гол анҷомид. Тӯби сеюмро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон Нура Самӣ Алдосарӣ дар дақиқаи 46-ум аз ҷаримагоҳ, аз масофаи тахминан 15 метр зад. Голи чаҳорум ва ниҳоиро мунтахаби Баҳрайн дар дақиқаи 78-ум ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 бар тими Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Дар ин бозӣ, ки 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, голи ягонаро Ҷонона Ҳалимова дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *