Ҷоми Президент аз Украина шуд

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки 5 октябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавони украинӣ Станислав Бондаренко ба анҷом расид.

Станислав  дар ҳамаи марҳилаҳои мусобиқа бар ҳарифонаш дастболо шуда, дар давраи ниҳоӣ бо ҷудокори кубагӣ Гарсия Мендоз, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ҷойи панҷумро соҳиб шуд буд, гуштӣ гирифт ва бар ӯ низ пирӯз омад. Ҳамин тавр, ҷудокор Станислав Бондаренко Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва маблағи 56 ҳазор сомонӣ ҷоизапулиро аз дасти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров мукофот гирифта, исбот намуд, ки дар ҷаҳон аз ҷудокорони бомаҳораттарин аст.

Ҷойи дуюм, медали нуқра ва 32 ҳазор сомониро Гарсия Мендоз (Куба) ва ду ҷойи сеюмро бо медалҳои  биринҷӣ ва 16 ҳазор сомонигӣ ҷоиза ҷудокорони Ӯзбекистон  Муҳсин Кисомиддинов  ва Абдулло Тангриев соҳибӣ карданд.

Дар ин мусобиқа ҷудокорони номии тоҷик Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов ва чанде дигар бо сабаби хастагӣ аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат наварзиданд. 25 паҳлавони дигари тоҷик дар марҳилаҳои аввалу дуюм ва сеюми мусобиқа ба нокомӣ дучор шуданд.

Аммо  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки аз соли 2013 боз ҳар сол барпо карда мешавад, торафт нуфузи бештар пайдо менамояд. Тавре аз Федератсияи ҷудои кишвар иттилоъ гирифтем, дар мусобиқаи аввалини Ҷоми Президент-2013 паҳлавонони 12 кишвар иштирок карда, хазинаи ҷоизавии он 160 ҳазор сомонӣ ($32 ҳазор доллар)-ро ташкил дода буд.

Дар мусобиқаи имсол бошад, ҷудокорони 45 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Беларус, Италия, Непал, Куба, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина, Ҷопон, Эрон,Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон зӯрозмоӣ карданд.

Эмом НАЗАРОВ, суратгир Дидор Саъдуллоев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *