Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе насиби ки мешавад

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 август то 8 сентябри соли 2018  байни бонувони вазорату идора, кумитаву муассиса ва ташкилоту сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд, мусобиқаи мазкур дар Муассисаи давлатии  «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ» ҷараён мегирад.  Дар  ин мусобиқа  22 даста дар 4 гурӯҳ байни худ рақобат менамоянд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа Ҷом, диплом, туҳфаҳои моливу пулӣ ва хотиравии Раиси шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.  

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *