Омодагии ҷангии Русия ва Тоҷикистон бо Толибон

Кишварҳо ҳолати ҷангиро дар марз Бо Афғонистон тамрин мекунанд, то қудрати худро ба радикасҳо нишон диҳанд.

Артиши Русия ва Тоҷикистон дар машқҳои густурдаи низомӣ дар марзи Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора «Известия» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Русия, ки ташаббускори омӯзиш аст, хабар дод.
Ба ин машқҳо ба ҷуз Русия ва Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамроҳ мешаванд. Нерӯҳои кишварҳо амалиётҳои ҷангиро дар сурати убури марз аз ҷониби аъзои ҳаракати террористии Толибон* ва аз байн бурдани гурӯҳҳои дигари террористӣ таҳия хоҳанд кард.

Дар ҷараёни машқҳо гурӯҳҳои ҳавоии пойгоҳҳои Русия дар Қирғизистон ва инчунин системаҳои дифоъи зиддиҳавоии S-300 дар ҳайати пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.

Русия дар ин тамринҳо воҳидҳои пиёданизом, воҳидҳои ҳавоӣ, нерӯҳои вижа, ҳавопаймо,тӯпхона ва инчунин нерӯҳои дифоъи ҳаворо ҷалб хоҳад кард.
Машқҳо аз моҳи август то сентябр баргузор мешаванд. Сипас сарбозон дар манёврҳои муштараки «Миссияи сулҳ 2021» ширкат меварзанд.
Ҳамзамон моҳи август дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон машқҳои ҷангӣ оғоз мешавад. Пас аз он, сарбозон ба тамрингоҳи Тирмиз, воқеъ дар марзи Афғонистон мераванд.

Машқҳо моҳи сентябр дар маркази таълимии «Эдельвейс» дар Қирғизистон баргузор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *