Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Омодагӣ ба Симпозиуми Душанбе дар сатҳи баланд аст

   Омодагӣ ба баргузории  Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, ки 9-11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, дар сатҳи баланд қарор дорад.

Нахуст ёдовар мешавем, ки ин Симпозиум бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст.

Ҷиҳати баргузории ин Сипозиум ҳам дар дохил ва дар ҳам хориҷи кишвар корҳои зиёди рунамоӣ баргузор шуданд. Ҳанӯз аз 10 июни соли ҷорӣ торнамои интернетии Симпозиум бо дарҷи маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маводи марбут ба раванди тадорукотӣ ва логистикӣ, барномаи ҳамоиш ва чорабиниҳо дар чаҳорчӯби он, санаду қатъномаҳои марбут ба рӯзномаи ҷаҳонии об, инчунин маълумот дар бораи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе таҳия гардида, фаъол карда шудааст. Маълумоти сомонаи мазкур мунтазам таҷдид карда мешавад.

 Моҳи июни соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии кишварамон брифинг дар робита ба Сипоизиуми дарпешистода бо иштироки тамоми намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир гардид.  8 июли соли ҷорӣ бошад, дар шаҳри Ню-Йорк Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ бо иштироки Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Султон Раҳимзода барои намояндагони кишварҳои узви Гуруҳи дӯстони об ва кишварҳои узви Панели сатҳи баланд дар масъалаҳои об доир ба Симпозиуми Душанбе низ брифинг барпо намуданд, ки дар рафти он маълумоти бештар дар бораи ин Симпозиум пешниҳод гардид. Ҳамчунин тамоми намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар муаззаф шудаанд, ки оиди баргузории ин нишасти муҳими байналмилалӣ дар Душанбе корҳои таблиғотӣ баранд ва ҷиҷати иштироки намояндагони ин кишварҳо дар Симпозиум мусоидат намоянд.   

Вазорати корҳои хориҷӣ аз 20 июли соли 2016 ин ҷониб аккредитатсияи намояндаҳои ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии  ин чорабинии муҳими байналмилалӣ шурӯъ намуд. Бояд гуфт, ки таваҷҷӯҳи намояндагони васоити ахбори омма ба Симпозиуми Душанбе назаррас аст.

         Дар ин ҷаласа намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд кард. То ҳоло ҳозир зиёда аз 500 нафар даъватшудагон аз 91 кишварҳои хориҷӣ, ба ҳайси намояндагӣ аз ҳукумати ин кишварҳо, ҳамчунин аз ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ва доираҳои коршиносӣ иштироки худро дар Симпозиум тасдиқ кардаанд ва ба қайд гирифта шудаанд.

Дар рафти Ҳамоиш масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:

-афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ;

-табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария;

-баланд бардоштани самаранокии истифодаи об;

-коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ;

-ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ;

           -пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ;

-рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа;

-пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он.

Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир ба ҳайси кишвари пешбари масъалаҳои рӯзномаи ҷаҳонии об шинохта шудааст. Татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки соли сипаришуда ба анҷом расид, ба сифати яке аз ташаббусҳои умдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти дастрасии аҳолии ҷаҳон ба захираҳои об ва беҳдошт нақши муҳим бозид.

Ба мақсади идомаи талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт ва рафъи камбудиҳо дар раванди татбиқи Даҳсолаи “Об барои ҳаёт”, Президенти кишвар зимни ширкат дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббуси нави Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” ҷалб намуда буд.

Илова бар ин, Роҳбари Давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015), ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ташаббуси мазкурро бори дигар эълом дошта, ҷиҳати дастгирии ин иқдом аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал оварда буд.

Қобили тазаккур аст, ки Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, ки дар назар аст, 9-11 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, қадами муҳим дар роҳи татбиқи ташаббуси роҳбарияти сиёсии кишвар дар бораи эъломи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” маҳсуб мешавад.

 

 

Муҳаммад Эгамзод,

Котиби якуми Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Котиботи Симпозиум.

 

 

 

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.