Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Омори нави гирифторони COVID-19 ва шифоёфтагон дар Тоҷикистон

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, ки шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудаст.

Тибқи иттилои вазорат, то соати 17:30 дақиқаи 28 май дар Тоҷикистон 3563 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1674 нафар шифо ёфтаанд. То санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.

Инчунин, то 28 май дар мамлакат 2322 нафар зери назорати табибон қарор доштаанд. Дар як шабонарӯзи охир 423 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб  дода шудаанд.

Вазорат дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал  меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро  табиби ҳар шахс худи ӯст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.