Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боз як фавт аз коронавирус: Омори нави Вазорати тандурустӣ

Шабонарӯзи охир дар кишвар 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, аз 30-юми апрел то санаи 15-уми сентябр 9129 нафар ба COVID-19 мубтало шуда, 7896 (86,4%) нафар шифо ёфтаанд. Бар асари он 73 нафари диагр фавтидаанд.

Шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 110 нафар гумонбарон қарор дошта, 43 нафар бемор баъд аз табобат ба хона ҷавоб дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.