Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Омори нави Вазорати тандурустӣ

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар муддати аз 30-юми апрел то 17-уми сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9214 нафар расид

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7988 ё худ 86,7%-и гирифторон шифо ёфта, 73 нафар вафот кардаанд.

Шабонарӯзи охир 103 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.