Ҷонибек Муродов сарбозонро дар Кӯлоб лату кӯб кард

Прокуратураи  ҳарбии гарнизои Кӯлоб алайҳи ду афсар ва як сарбози қисмҳои низомӣ дар ин минтақа ба иттиҳоми бадрафторӣ ва ба корҳои шахсӣ ҷалб кардани зердастонашон парвандаи ҷиноятӣ боз намуд ва барои баррасӣ ба суд фиристодааст.

Фирӯз Раҷабзода, прокурори  ҳарбии гарнизони Кӯлоб рӯзи сешанбеи 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфтаст, ки як афсару сарбоз  “дедовшина”-ро дар сафи артиш роҳандозӣ кардаанд ва дигаре бошад сарбозонро ба корҳои шахсии худ ҷалб кардааст.  Раҷабзода мегӯяд:»Лейтенанти калон Колмилҷон Рафиев ҳафт сарбозро латукӯб кардааст, ки ин ҳолат аз сӯи прокуратура  ошкор ва нисбати ин афсар парванда боз шуд. Ин ҳодиса як моҳ пеш рух додааст. Ҳоло парвандаи ин афсар дар дасти баррасӣ аст. Сарбози қаторӣ Ҷонибек Муродов низ сарбозони нав ба хизмати ҳарбӣ даъватшударо зери латукӯб қарор додааст» Ҳамчунин, ба таъкиди прокурори ҳарбии гарнизони Кӯлоб, Абдурасул Қурбонов прапоршики калони қисми низомии 2933-и марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз мансаб сӯистифода карда, сарбозонро ба корҳои шахсӣ, яъне нигоҳубини антенаҳои ширкатҳои мобилӣ сафарбар намуда, маблағи ба дастомадаро ба ҷайбаш задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *