Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Опел Астра” ба дарахт бархурд …  

 

  Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, марди 21-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат  аз самти ҷамоати деҳоти Ҳисор ба самти маркази ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, 3 нафар мусофирони 21-солаи сокинони ноҳияи Ҳисор, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мутаассифона, як нафар мусофир  дар беморхона  ба ҳалокат расидааст.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ як садамаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 13.07.с.2016, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес — Бенс”, марди 27-солаи сокини  ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Лоёб ба самти деҳаи Охтоқи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар тарафи чапи роҳ автомашинаро чаппа кардааст. Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.