«Опел-Астра» бо «ВАЗ-2106″бархурду як нафарро кушту ду кас маҷруҳ шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари маргбор дар роҳи Душанбе — Чаноқ хабар додааст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта рух додааст

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садамаи маргбор дар ҳудуди ноҳияи Деваштич 9-уми октябри соли равон, тахминан соати 15:30 рух додааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаннок”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст, изҳор дошт ВКД.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар натиҷа, мошини «Опел-Астра» бо худрави тамғаи «ВАЗ-2106», таҳти идораи ронандаи 40-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бархӯрдааст.

Мақомот таъкид намудаанд, ки бархӯрд бо марги ронандаи 35-солаи «Опел-Астра» дар ҷои ҳодиса анҷомидааст.

Инчунин ду мусофири ноболиғи «Опел», сокинони шаҳри Истаравшан, соли таваллудашон 2004, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *