«Опел» оташ гирифт

Бар асари бархӯрди ду сабукрави навъи «Опел» дар назди чорроҳии кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Душанбе, яке аз ин ду худравҳо оташ гирифтааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Ӯ гуфт, ки танҳо яке аз ин мошинҳо бинобар сабаби техникӣ оташ гирифтааст. Ҳоло сабабҳои техникии ин ҳодиса маълум карда мешавад. Ба гуфтаи ин масъули Вазорати корҳои дохилӣ, танҳо ронандаҳои ин ду мошин ҷароҳатҳои сабукӣ ҷисмонӣ бардоштаанд. Субҳи имрӯз сару садо паҳн шуд, ки дар назди меҳмонхонаи “Пойтахт” як мошин таркидааст, аммо Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ҳеҷ таркише сабт нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *