Орду равған ва картошкаву биринҷ: Кӯмаки набераи Эмомалӣ Раҳмон

Исмоили Маҳмадзоир, набараи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо маводи ғизои, аз ҷумла, Орду равған ва картошкаву биринҷ кӯмак кард.

Соҳибкирони Зафар, як корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо истинод ба “сториз”-и Исмоил Маҳмадзоир дар Instagram хабар дод, ки набераи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кӯмак расонид.

Ин корбари Фейсбук навиштааст: «Икдоми неки набераи Президент бародари гиромӣ Исмоил Маҳмадзоир ба оилаҳои аз офати табиӣ зарар дида. Ахсан! Худо аз шумо розӣ бошад».

8 майи соли равон офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даҳҳо хонаҳову киштзорҳои васеъро вайрон кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба хотири пешгирӣ аз фалокат ва марги одамон, тасмим гирифт аъзои 167 оиларо «ба маконҳои амн» кӯчонанд.

Дар ин ҳодиса касе ба ҳалокат нарасид, вале 15 хона ва 100 гектар замин пурра вайрон шуданд. Маблағи осебҳои расида ҳанӯз маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *