Ортиқи Қодир ба короновирус ғалаба кард

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир зимни суҳбати телефонӣ ба Pressa.tj гуфт, ки тайи як моҳи ахир аз бемории ҳамагири короновирус ранҷ мекашид ва феълан вазъи сиҳатиш рӯ ба беҳбудист.

“Қариб як моҳ азият кашидам. Короновирус бемории сангине будааст ва дуо мекунам, ки касе ба ин бало гирифтор нашавад. Ман аз 9-уми октябр ба ин ҷониб рӯйи бистар ҳастам. Ду-се рӯзи охир ҳалам каме беҳтар шуд.” – гуфт ӯ.

Ортиқи Қодир мегӯяд, ки тайи як моҳ дар хона табобат гирифтааст:
“Аз сабаби он ки наздиконам табибанд дар хона бароям шароити табобат муҳайё карданд. Вазнинӣ гузашт, акнун аз Худованд умедворам, ки ба наздикӣ ба ҳаёти муқаррарӣ баргардам.”-гуфт ҳунарпеша.

Ҳунарпеша мегӯяд, ки дар ин шабу рӯз дӯстону пайвандонаш танҳо нагузоштандаш ва ҳамеша аз аҳволаш пурсон шуданд: “Дӯстону ҳамкасбон, роҳбарияти театр ҳамеша аз аҳволам бохабар буданд ва телефонӣ аз саломатиам мепурсиданд. Ба ҳамаашон сипос мегӯям”.
Мо аҳли қалами сомонаи Pressa.tj ба Ортиқи Қодир шифои комилу оҷил хоста орзу мекунем, ки ҳунарпешаро ба зудӣ рӯйи саҳнаи театр ва дар минбари маъракаҳо бинем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *