Орумбекзода аз масҷидсозон норозист

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон аз вакилони Маҷлиси намояндагон хост, дар мулоқот бо интихобкунандагон таваҷҷӯҳи сокинонро ба эҳё ва ҳифзи мероси нотакрори таърихию фарҳангиамон ҷалб намоянд. 

Шамсиддин Орумбекзода ин нуктаро  зимни муҳокимаи парлумонӣ дар масъалаи Иҷрои буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 иброз дошт.
Вазир гуфт, соҳибкорон ва аҳли ҷамоати кишвар дар самти ҳифзу эҳёи таърихи нодирамон ташаббуси зиёд зоҳир намекунанд: “Онҳо ба ҷои ҳифзу эҳёи таърихи нодирамон, бештар ба бунёди масҷидҳои нав даст мезананд, ки шумо депутатҳои муҳтарам аз ин хуб иттилоъ доред. Ман аз вакилон хоҳиш мекунам, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон нисбати эҳёи мероси нотакрорамон таваҷҷӯҳи интихобкунандагонро ҳар чӣ бештар ҷалб намоянд”.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон иброз дошт, ки тибқи барномаи ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020, ки аз ду марҳила иборат аст, барқарор намудани 10 иншоот дар марҳилаи аввал ва 9 адад дар марҳилаи дуюм пешбинӣ шудааст: “Инчунин тармими 8 иншоот дар марҳилаи аввал ва 7 адад дар марҳилаи дуюм пешбинӣ шудаст. Амалигадонии барнома дар ду марҳила сурат мегирад, марҳилаи аввал бо ҷамъбасти соли 2015 анҷом ёфт ва аз марҳилаи дуюм аллакай як сол сипарӣ гардид”.
Орумбекзода қайд намуд, ки тибқи барнома, аз ҷумла 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 30 масҷиди таърихӣ, 30 маъбади қабл аз исломӣ бояд бо таъмиру тармим фаро гирифта шаванд: “Аз онҳо бояд 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир гарданд”.
Ба қавли вазири фарҳанг аз 14 миллиону 35 ҳазор сомонии пешбинишуда, аз соли 2013 то соли 2015, танҳо 3 миллиону 984 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 28%-и нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад: «Дар соли 2016 барои ҳифз ва истифодаи сарватҳои фарҳангию таърихӣ тибқи нақша-чорабиниҳои барномаи давлатӣ дар марҳилаи дуюм 41 миллиону 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети давлатӣ 4 миллиону 430 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 11,67 фисадро ташкил медиҳад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *