Орумбекзода: «Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад»

Тавре, ки хонандагони сомонаи Tajikistantimes огаҳӣ доранд, дар таърихи 21 ва 22 июн дар шаҳри Тошканд дар доираи мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) мулоқоти вазирони фарҳанги Тоҷикистон, Чин, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон баргузор гардид. Соате қабл, атрофи масоили марбут ваа мавзуоти ҷаласа сӯҳбате доштем, бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек.

Дар ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои СҲШ, ки имсол сарварии онро Ӯзбекистон бар ӯҳда дошт, дар Тошканд намояндагони шаш кишвар сӯҳбат оростед. Қаблан ҳисоботи ҷониби сарварикунанда Вазири фарҳанг ва спорти Ӯзбекистон Ахмедов Бахтиёр ва Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов шунида шуд. Зикр гардид, ки фарҳанг пулест миени кишварҳои СҲШ ва он қалби мардумҳоро ба ҳам мепайвандад. Сол ба сол довталабони ворид гаштан ба СҲШ зиёд мешавад. Дар ин нишаст Покистон ва Ҳиндустон ба узвияти ин созмон  пазируфта шуданд ва ҳоло Монголия, Афғонистон, Эрон хоҳишманди ба ин созмон ворид шудан ҳастанд.

Оё Шумо бо ҳамтои Ӯзбекистонии худ мулоқот доштед?
Орумбекзода Шамсиддин Шодибек: «Бале. Мо дар мавриди ҳамкориҳои фарҳанги як қатор нақшаҳоро тарҳрезӣ кардем. Бо Ахмедов Бахтиёр ба мувофиқа расидем, ки соли 2017 дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор гардад. Ҳамчунин рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар нақша аст. Албатта ҳоло лозим аст, роҳбарони сатҳи аввали ҷумҳуриҳо ин тасмимро ба тасвиб расонанд. Ҳамчунин ман бо вазири фарҳанги Қирғизистон Мақсутов Алтинбек Аскарович мулоқот доштам. Мо ба мувофиқа расидем, ки октябри имсол Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор мегардад».
Ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои СҲШ дар куҷо баргузор мегардад?
Тасмим ҳаст, ки ҷаласаи навбатӣ дар соли 2017 дар Қазоқистон, шаҳри Остона баргузор мегардад. Мавзуҳои он аз тарафи сарони кишварҳои СҲШ тарҳрезӣ мегардад.Шумо аз сафари худ қаноатманд ҳастед?
Орумбекзода Шамсиддин Шодибек «Бале. Ба ҳайати мо аз тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Моро хуб пазируфтанд ва бо дастовардҳо, ҷойҳои таърихии ин кишвар дидан кардем. Мо бори дигар шоҳиди он гаштем, ки умумияти фарҳангӣ миёни ин ду кишвар фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам овард. Ҷониби Ӯзбекистон барои мо ва аҳли фарҳанги кишварҳои дигар барномаи хеле хуби консертӣ ба забонҳои кишварҳои узви СҲШ баргузор намуд. Ман гумон мекунам ин ҳамкориҳо ва рафту омад ҳарчи зиёдтар гардад, ба ҳамон андоза дӯстӣ ва рафоқат миёни кишварҳо бештар мешавад».
Рузҳои Ваҳдат дар вилояти худмухтори Бадахшон баргузор мегардад. Магар шумо дар он иштирок намекунед?

Орумбекзода Шамсиддин Шодибек: «Ман ҳоло ба Хоруғ  парвоз дорам. Омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат хеле барвақт оғоз гашта буд. Ду ҳафта қабл бо ҷараёни омодагӣ шинос шуда будам. Муовини аввали вазир Машраб Ибодулло Раҳмон роҳбари бадеии ҷашнвора аст ва бо ҳайати эҷодӣ ва ҳунармандон дар вилоят аст. Дар маҷмуъ 275 нафар беҳтарин ҳофизон ва рақосон, гурӯҳҳои эҷодӣ ва консертии Вазорат ва Кумитаи ТВ ва радио дар маърака ширкат меварзанд. Имрӯзҳо онҳо дар тамоми ноҳияҳои вилоят барномаҳои консертӣ доир намуда истодаанд. Консерти ҷамъбастӣ рӯзи 27 июн дар рӯзи Ваҳдат дар майдони варзиши шаҳри Хоруғ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Ба хотири ваҳдати миллӣ дар ин чорабинӣ намояндагон ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Ин намоиши Ваҳдат ва ягонагии мардуми Тоҷикистонро нишон медиҳад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *