Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Орзуи “Ҷумҳурият” ба Раҳматилло Зоиров: Давлати пирӣ насибатон гардад!

Нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва президенти кишвар – “Ҷумҳурият” дар матлабе интихоботи президентии кишварро демократӣ хонда ба мунтақиди асосии он Раҳматилло Зоиров орзуи “давлати пирӣ” ва “осудагӣ” кардааст.

Ин матлаб “Фолбинӣ ва ё жожхоӣ” ном дошта, ба қалами публитсист Умари Шерхон таалуқ дорад ва дар шумори №208 : 20.10.2020 ба нашр расидааст.

Дар ин матлаб омадааст:

“11 октябри соли равон интихоботи Президенти Тоҷикистон дар фазои озод ва шаффоф сипарӣ шуд. Сокинони мамлакат ба тарафдории номзади арзандаи хеш Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд.
Қатъи назар аз жож лоиданҳои «евромуллоҳо» интихобот дар Тоҷикистон бидуни пархош сурат гирифт. Чашми ҳасудону душманони миллат аз муташаккилона ва дар фазои ором гузаштани интихоботи Президенти Тоҷикистон ҳай сих зад. Вале дар дохили кишвар шояд ягона нафаре, ки сахт «мотам» гирифт, ин Раҳматилло Ҳамидович Зоиров — раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон буд. Қабл аз оғози ин маъракаи сиёсӣ, ӯ байкот эълон кард. Чун Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократист, гуфтем соҳибихтиёр аст. Майлаш, мон гуфтан гирад, хулоса кардем ба худ. Аз гуфтааш зиқ нагаштем. Ӯ низ чун як шаҳрванд назар ва ҳаққи худро дорад…

Баъд аз эълон шудани натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Раҳматилло Зоиров боз ба гуфтор омад. Суханони ӯ ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Ба қавли ӯ, гӯё 4 миллион нафар аҳолии кишвар дар интихобот ширкат наварзида бошанд. Ин жож лоидан, ки гуфтаи фолбинеро мемонад, касро ба андеша мебарад, ки гӯё гӯяндаи ин суханон аз оромиву суботи кишвар чашмаш сих мезанаду дилаш беҳузур мегардад. Мо дар остонаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра бе ягон тафреҳ суботкорона, аз сидқ заҳмат ба бор дошту дорад. Маҳз тавассути фидокориҳои ин марди сарсупурдаи миллат Тоҷикистонро дар ақсои олам шинохтанд ва эътироф намуданд. Боз ҳам дар ин самт корҳои зиёде дар ривоҷ аст. Коргоҳҳои нав ба нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ сохтмони зарбдор рафта истодааст. Донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу дабистонҳо, шифохонаву бунгоҳҳои тиббӣ, пулҳои нави мошингузар, боғистонҳо, ташхисгоҳҳо, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ва ғайра бунёд ёфта истодаанд. Дар зикри ҳамаи онҳо қалам оҷизӣ мекашад. Ин ҳамаро нодида гирифтан на аз рӯи одамгаристу на аз рӯи мусалмонӣ.

Рӯзи ҷамъбасти пешакии интихобот – 12 октябри соли 2020 дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» Раҳматилло Зоиров зикр намуд, ки миёни номзадҳо аз ҳама арзанда Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар идома мавсуф боз ба фолбинӣ пардохт. «Пешгӯӣ кардан намехоҳам, аммо чунин меҳисобам, ки 7 соли оянда барои Тоҷикистон солҳои вазнин хоҳанд омад. Эҳтимоли сар задани инқилоб вуҷуд дорад».

Ин гуфта ҳам дар наълу ҳам дар пошнаро мемонад.

Чунин пешгӯиҳо дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзҳои аввали Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб шуданашон дар ноябри соли 1992 аён гардида буданд.

Аз минбари баланди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳои мудҳиш гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ва Эмомалӣ Раҳмон бар қавлашон вафо карданд. Дар Тоҷикистон сулҳу субот пойдор гардид, кишвари соҳибистиқлол бо маром рӯ ба беҳӣ ниҳод.
Аз суханҳои фавқи Зоиров ба чунин андеша омадан мумкин аст, ки ӯ ва ӯ баринҳо аз сулҳу субот дар мамлакат нороҳатанд ва ҳоло ҳам дар фикри ноором сохтани кишвар гом ниҳоданианд. Вале, дигар мо дар солҳои 90 – уми асри гузашта қарор надорем. Ва нияти ноором сохтани ҷамъият дар ниҳоди ҳиҷ як тоҷикистонии асил мақом надорад. Сарвари мо ояндаи кишварро хуб муайян кардаанд, яъне «Тоҷикистон ба пеш!».

Аммо барои мову ман ҳукумати феълии мамлакат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ватанам Тоҷикистон азиз асту муҳиб. Бо Тоҷикистон ва Сарвари давлати хеш меболаму мефахрам. Ватани азизи худ, боду ҳаво, обҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбаафлок ва мардумонаш писанд аст. Ва мо ҳама дар фикри ободии диёр, оромиву субот ва некуаҳволии сокинони кишварем.

Ҳамчун мард эътироф бояд кард, ки интихоботи Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳидони зиёди байналмилалӣ назорат бурданд. Расонаҳои мамолики хориҷӣ, аз ҷумла ВВС, Евронюс, ин маросими муҳимро шаффофу демократӣ арзёбӣ намуданд. Дар ин росто, хабаргузории РИА «Новости» нигошта, ки интихобот озоду роҳат ва бидуни тазоҳуроту даргирие сурат гирифт.

Масалест, ки кӯр як бор асояшро гум мекунад. Дар хотир доред, ки ягон хонандаро барои баҳои «се» (қаноатбахш) гирифтан, аз мактаб хориҷ накардаанду ягон падар бо ин ҷурм фарзандашро дар кӯча напартофтааст. Як бало карда ҳисоботе тартиб диҳед, ки қаноатбахш бошад. Давлати пирӣ насибатон гардад. Касе ба шумо ғараз надорад. Осуда бизиед, хушбахтона шумо муҳофизе шоиста доред…
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ хуб гуфтаанд:

Агар лаб кушоӣ, ба ҳикмат кушой,

Машав ҳамчу беҳикматон жожхой.”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj