Чаро масъулини Кӯшониён сар кафад ҳам, зери тоқӣ нигоҳ медоранд?

Аз номустаҳкамии соҳили дарёи Вахш чанде хонаҳои сокинон ва заминҳои кишт дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Кӯшониён шуста шуданд.        

Хонаву ҳавлии Санавбар Одинаева, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Кӯшониён ва чор оилаи дигарро ҳанӯз соли 1999 дарёи Вахш шуста буд. Масъулини мақомоти маҳаллӣ барои панҷ оилаи зарардида аз деҳаи Дӯстӣ чор километр дуртар замин барои хонасозӣ доданд. Бо гузашти 20 сол ин оилаҳо ҳанӯз ҳам аз қувваи барқ, роҳ, хизматрасонии саривақтии тиббӣ (бунгоҳи тиббӣ надоранд) маҳруманд.

  Меоянд, ваъда медиҳанду мераванд                                 

Абдулмуъмин Шарифов, раиси маҳаллаи Дӯстӣ, гуфт, ки аз соли 1996 соҳилҳоро шустани дарёи Вахш оғоз шудааст. “Он солҳо оби дарё аз хонаҳои сокинон хеле дур буд. Аммо аз соли 2006 инҷониб якбора оби дарё баланд шуда, шусташавии соҳилҳо бештар гардид. Як деҳае, ки 40 хона дошт, дар натиҷаи баланд шудани оби дарёи Вахш пурра шуста шуд. Масъулин зарардидагонро бо замин таъмин карданд. Барои сохтмони манзил ба қисме аз оилаҳо сеҳазор сомонӣ кумак карданд, ҳарчанд якунимҳазорияшро баъдан пас гирифтанд. Вале нафарони умуман кумак дарёфтнакарда зиёданд”, — илова кард ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки тибқи меъёр, бояд хонаҳои сокинон дар масофаи 150 метр дур аз соҳили дарё ҷойгир бошад. Вале ҳоло оби пуртӯғён аз камобеш 20 хона ҳамагӣ 15-20 метр дур асту халос.

– Се сол боз ваъда медиҳанд, ки шуморо ба дигар ҷой мекӯчонем. Аммо ваъдаҳои осмонии масъулин ҳиҷ не ки амалӣ шаванд, — мегӯяд А. Шарифов. — Волидон аз тарси ин, ки кӯдаконашон ғарқ нашаванд, ба ягон ҷо рафта наметавонанд…

Сокинон мегӯянд, аз вазъи деҳаи Дӯстӣ тамоми мақомоти маҳаллию марказӣ огоҳанд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом ёфта буд, вале ба ҳадди даркорӣ не. Икром Вализода, раиси ноҳия, ваъда дода будааст, ки баробари кам шудани об шахсан омада, корҳои соҳилмустаҳкамкуниро шурӯъ мекунад. Се моҳ боз об кам шудааст, вале аз раису коргарон дарак нест.

Раиси маҳаллаи зикршуда афзуд, ки аз сабаби шуста шудани қабристони деҳа турбати наздики 70 майитро ба дигар қабристон кӯч доданд. Вале 300 майити дигар дар мазор боқӣ монда, шусташавии замини он ҳанӯз идома дорад. Барои мардуми деҳ қитъаи нави замин барои ташкили мазор то ҳол ҷудо карда нашудааст.

60 га замин ба коми дарё рафт?

Нусратулло Исмоилов, муовини раиси ҷамоати шаҳраки “Бохтариён”, гуфт, аз солҳои 1996-1997 инҷониб соҳили чапи дарёи Вахш кам-кам рахна шуда истодааст.  “Зиёда аз 8 гектар заминҳои  мардум ба коми дарё рафт. 88 оила бо замин таъмин шуд”, — изҳор дошт вай.

– Агар Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия маводи лозимиро таъмин кунанд, соҳилмустаҳкамкуниро тариқи ҳашар оғоз мекунем, — мегӯяд Н. Исмоилов. — Раиси ноҳия гуфта буд, ки агар кумак расад, ҳамин зимистон корҳои соҳилмустаҳкамкуниро оғоз мекунем.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ва корами обӣ дар умум қариби 60 гектар заминҳои деҳаҳои “Дӯстӣ” ва “Сари Пул”-и ин ноҳияи ба коми Вахш рафтааст.  

Се деҳа дар  хатар?

Бобоҷон Эмомов, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён, мегӯяд, ки аз соли 2018 то инҷониб бо харҷи 1 миллион сомонӣ аз маблағи ҷамъоварии ҳаққи истифода об дар деҳаи “Дӯстӣ” 600 метр, “Сари Пул” 700 метр ва назди мактаби призидентӣ 120 метрро барқарор карданд. Вай афзуд: “Дар ҳақиқат се деҳа дар соҳили хавфноки дарёи Вахш ҷойгиранд. Аз сабаби баланд шудани  сатҳи об 250 метри соҳили деҳаи “Дӯстӣ” шуста шуд. Тибқи тасмимоту дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои соҳилмустаҳкамкунӣ бояд аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо шавад, лекин ноҳия чунин имкониятро надорад”.

1 миллион доллар барои 1 километр

Дар тақвияти ҳамин андеша Шамсиддин Гадоев, муовини сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон, илова кард, ки тибқи қоидаҳои инжинерӣ барои соҳилбандии як километр як миллион доллари ИМА лозим аст. “Чор сомонӣ аз ҳисоби хизматрасонии ҳаққи истифодаи об ҷамъ карда, маҷрои дарёро рост карда, зуд обро сар медиҳем. Лекин бо андак баланд шудани сатҳи оби дарё боз соҳил шуста мешавад”, — изофа кард ӯ.

Ба гуфти Гадоев, барои мустаҳкам кардани соҳил бояд аз масофаи 60 километр аз мавзеи Оқҷари ноҳияи Хуросон харсанг оварда мешуд. Азбаски захираи он тамом шудааст ва барои пардохти корҳои тарконидани кон маблағ мавҷуд нест, ин тасмим ҳам иҷронашуда боқӣ монд. Нуктаи дигари шигифтангез ин аст, ки ба қавли мусоҳиби мо, то ҳол лоиҳаи пурраи соҳилмустаҳкамкунии он мавзеъ омода карда нашудааст.

Масъулин: “Банди масъалаҳои дигарем”

Шариф Сафарзода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён, гуфт, мо то моҳи майи соли 2019 маҷрои оберо, ки заминҳои деҳаи “Дӯстӣ”-ро мешуст, пурра дигар кардем. Бояд симтӯр хобонида мешуд, вале дар як шаб то 2 ҳазор куб/сония об сар доданд, ки дар натиҷа, боз як қисмати деҳаро шуста бурд. Ҳоло як техника дар он деҳа қарор дошта, мардум омодаи ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллиянд. Аммо ба дигар масъалаҳо бандем ва маблағ ҳам нест. Ба Ҳукумати кишвар ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мактуб фиристодем. Ваъда доданд, ки маблағ медиҳем. Намояндагони Арабистони Саудӣ  ва Ҳукумати мамлакат омада диданд, аммо ба фикрам, масъалаи ҳамкорӣ ҳал нашуд. Дар маҷмӯъ, 14 километр минтақаи зери хавф эътироф шудааст.

Номустаҳкамии соҳили дарёи Вахш солиёни зиёд инҷониб боиси шусташавии заминҳои кишт ва хонаҳои сокинон гардида истодааст. Барои рафъи хавф ё ақаллан кам кардани таъсири дарё аз рӯи ҳисоби мутахассисон беш аз 10 миллион доллари ИМА лозим аст, аммо буҷети ноҳияи Кӯшониён чунин маблағро надорад. Биноан, сармоягузории шарикони рушди кишвар ва маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ роҳи ҳалли ин ноҷӯрӣ буда метавонад.

Масъулин бо пеши рӯ овардани зермаънои мақоли машҳури тоҷикии “Оҳанро дар гармияш мекӯбанд” бояд бобати ислоҳи ин вазъ жарф андеша кунанд.

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *