Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ошиқ чаро маъшуқаашро бо корд зад ?

Сокини 22-солаи шаҳри Ваҳдат маъшуқаашро бо корд захмдор кардааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, номбурда, шаби 5-ум ба 6-уми сентябри соли равон аз сабаби муносибати ошиқона доштанашон, бо ҷавондухтари 20-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Манбаъ илова мекунад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.