Ошкор шудани коронавирус дар вуҷуди нафарони аз Туркия омада

Дар вуҷуди беш аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Истанбул омаданд, коронавирус ошкор гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” такя ба манбаъаш хабар медиҳад.

Тавре манбаъи “Азия-Плюс”  қайд мекунад:

“Дар беш аз 50 нафаре, ки бо мо тариқи хатсайри махсуси «Turkish Airlines» аз Туркия омаданд, коронавирус ошкор карданд. Онҳоро аз мо ҷудо карданд, лекин онҳо ҳеҷ гуна аломати беморӣ надоранд. Ба онҳо гуфтанд, ки баъди ду рӯз такроран тест мегиранд ва баъд сари як қароре меоянд. Касе муфассал чизе намегӯяд, ман маълумоти дақиқ надорам”.

Дар ҳамин ҳол, Sputnik Тоҷикистон бо такя ба манбаъҳои худ аз эҳтимоли гирифтории ҳудуди 70 мусофири хатсайри Истамбул – Душанбе ба “вируси корона” хабар медиҳад.  Бино ба ин манобеъ, натиҷаи санҷиши 2 нафар мусбат баромадаааст.

Ёдрас мекунем, ки шаби 23 май ҳавопаймои «Turkish Airlines» 194 шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Туркия қарор доштанд, ба Душанбе овард. Ин хатсайр аз ҷониби Туркия барои аз Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони ин кишвар ташкил шуд. Ҳамаи шаҳрвандони ба Душанбе омадаро ба карантини дуҳафтаина дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм ҷойгир карда, онҳо дарҳол аз тести коронавирус гузаронида шуданд.

Ҳанӯз 18 апрел шаҳрвандони дар Туркия дармондаи Тоҷикистон ба унвони сарвари давлат бо дархости ба ватан баргардонидани онҳо нома навишта буданд. Он вақт зикр шуда буд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо аз коронавирус сироят наёфта, лекин бинобар сабаби афзоиши шумори беморон, сироят ёфта метавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *