Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ошуби тоҷикон дар зиндони Русия

Дар боздоштгоҳи махсус дар шаҳри Екатеринбурги Русия, ки шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад, боздотшудагони тоҷикистони даст ба ошуб заданд. Дар ин бора Asia-Plus дар такя ба ТАСС хабар медиҳад.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, кормандони пулис бетартибиҳоро фурӯ нишонданд. Ба се муҳоҷир дар худи боздоштгоҳ ёрии тиббӣ расонида шудааст. Як нафарро ба беморхона бурда, пас аз ёрии тиббӣ баргардонидаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (омбдусмен)-и минтақа Татяна Мерзлякова гуфтааст, дар ин ҷо ба як соат истифодаи телефон дар як рӯз иҷоза ҳаст, лекин ошӯбгарон истифодаи доимии онро талаб кардаанд.

“Ин ҷо сари 11 нафар муҳоҷирон сухан меравад. Ҳодиса дар қисмати шахсоне, ки бояд ихроҷ шаванд (собиқ маҳкумшудагон, ки ихроҷ аз Русияро интизоранд) рух дода, онҳо аввал алоқаи шабонарӯзии телефониро барои худ талаб кардаанд, ки манъ аст. Вақте талаби онҳо рад мешавад, гуфтаанд, ки ба худ осеб мерасонанд”, — хабар додааст ба Znak.com Мерзлякова.

Ба гуфтаи ӯ, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон даст ба ошӯб задаанд ва аҷиб аст, ки пешвои онҳо сокини Молдова будааст.

“Албатта, онҳо хеле норозианд. Ҳис мекунанд, ки ҳуқуқашон поймол шудааст. Як ҳавопаймо бо ихроҷшудагон ба Ӯзбекистон парвоз кард. Дар он 152 касро фиристодем, як ҳавопаймо муҳоҷиронро ба Қирғизистон бурд. Лекин аз Тоҷикистон ҳавопаймо нест.  Онҳо аз интизорӣ хаста шуданд”, — шарҳ додааст омбудсмен.

Айни замон дар ин боздоштгоҳи махсус 130 нафар нигаҳдорӣ мешаванд (то пандемияи коронавирус — 249 нафар), ки 100 нафарашон маҳз шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

“Мо ба онҳо бори дигар итминон додем, ки бо барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо дарҳол онҳоро ба ватаншон мефиристем”, — таъкид доштааст Мерзлякова ва ваъда додааст, ки бо ин масъала ба консулгарии Тоҷикистон муроҷиат мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.