«Ҳосилот»- и Фархор пешсафиашро мустаҳкам кард

1 ва 2 апрел вохӯриҳои даври чоруми марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардиданд.

1 апрел дастаҳои «Регар-ТадАЗ ва «Ҳосилот» дар шаҳри Душанбе бо ҳам вохӯрданд. Соҳибони майдон – футболбозони «Регар» ба пешсафи ҷадвал муқовимати сахт нишон дода, пас аз зарбаи ҷаримавии фархориҳо бозиро бо ҳисоби  1:0 бохтанд. Зарбаи ҷаримавиро ба дарвозаи металлургҳо капитани дастаи «Ҳосилот» Сафаралӣ Каримов ба ҳадаф расонд. Пас аз ин фархориҳо мавқеи худро дар садри ҷадвали чемпионат мустаҳкам намуданд.

Дастаи «Панҷшер» дар майдони худ футболбозони  КМВА «Помир»-ро пазируфта, бо онҳо сахт истодагарӣ кард. Мухлисон давоми 90 дақиқа голро дида натавонистанд ва бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Ин бори сеюм мешавад, ки артишиён вохӯриҳояшонро мусовӣ анҷом дода, голи нахустини худро дар мавсими нав зада наметавонанд.

2 апрел бошад, дастаи «Барқчӣ» дар варзишгоҳи  «Авиатор»  бо «Вахш» бозиашро мусовӣ – 0:0 ба охир расонд. Чемпиони порсола «Истиқлол» дар ин давр аз бозӣ озод буд. Он ҳамагӣ ду бозӣ доир намуда, бо як пирӯзӣ ва як мусовӣ бо 4 хол дар зинаи чорум ҷойгир аст.

Дар ҷойи охирини ҷадвал «Вахш» бо 2 хол мавқеъ гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *