«Ҳосилот»-ро дар плей-офф «Дордой» имтиҳон мегирад

Ноиб-чемпиони кишвар «Ҳосилот»-и Фархор бегоҳии 7 феврал дар бозии ҷавобӣ «Шоҳин Асмоӣ»-и  Афғонистонро бо ҳисоби мусовиии 0:0… аз иштироки минбаъда дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 маҳрум сохт. Азбаски футболбозони тоҷик ҳафтае пеш дар бозии аввал афғонҳоро 1:0 мағлуб карда буданд, ба даври плей-оффи Ҷоми КФО-2017 роҳхт гирифтанд.

Вохӯрии дуюми тоҷикону афғонҳо ба мисли аввалинаш хеле диданӣ сурат гирифт. Ҳарду даста имконоти зиёди голзанӣ доштанд. Аммо ин дафъа низ бахти варзишӣ ба рӯйи «Ҳосилот» хандид. Бахусус, дар даҳ дақиқаи охири бозӣ ҳамлагарони афғон чандин бор бо дарвозабон Рустам Ризоев як ба як баромада, тӯбро ба ҳадаф расонида натавонистанд. Дар баъзе ҳолати дигар дарвозабон ҳушёрӣ зоҳир намуда, моҳирона тӯбро дошта гирифт.

Ҳамин тавр, дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО барои баромадан  бамарҳилаи гурӯҳӣ «Ҳосилот» бо ноиб-чемпиони Қирғизистон дастаи  «Дордой»-и Бишкек вомехӯрад. Бозии аввалини ин дастаҳо 21 феврал дар шаҳрои Уш баргузор мешавад. Бозии ҷавобӣ 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе доир мешавад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *