Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Оташ гирифтани “Дулан” дар Ёвон 8 нафарро захмӣ кард

Рӯзи 23-юми июн дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар натиҷаи беэҳтиётӣмошини интиқолдиҳандаи сӯзишвории тамғаи “Дулан” оташ гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манба, оташи баамаломада дар кӯтоҳтарин муддат ба дигар зарфҳо, аз ҷумла, зарфи гази моеъи ҳаҷмаш 10 тонна гузашта, таркиш ба амал овардааст.

“Ба ҷойи ҳодиса кормандони Қисми мустақили 29-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ёвон ҳозир шуда, сӯхторро, ки масоҳаташ 60мташкил медод, бартараф карданд”, — қайд шудааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, бар асари сӯхтор 4 нафар шаҳрвандон ва 4 нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми зиёни расида ҳисоб шуда истодааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.