Оташбаси Толибон ҳақиқате дорад?! Оё ба онҳо мешавад бовар кард???

Толибон ваъда доданд, ки агар маҳбусон озод ва созмонашон аз рӯйхати сиёҳи СММ хориҷ карда шавад, ҷанг дар Афғонистон хотима меёбад.

Сухангӯи «Толибон»* шарти оташбаси се моҳаро эълон кард, хабар медиҳад шабакаи маҳаллии 1TV News бо истинод ба намояндаи ҳукумати Афғонистон дар гуфтушунид бо ҷангиён, Нодир Нодирӣ.

Сулҳ ҳамон замоне пойдор мегардад, ки агар ҳафт ҳазор маҳбус озод ва «Толибон»* аз рӯйхати сиёҳи СММ хориҷ карда шавад.

Дар ин бора чанде пеш Замир Каобулов, намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон, директори Департаменти осиёии вазорати корҳои хориҷӣ дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфта буд, ки тартиби хориҷ кардани «Толибон»* аз таҳримоти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид метавонад пас аз оғози муколамаи байни афғонҳо оғоз шавад.

Вай инчунин ёдовар шуд, ки СММ дар соли 2001 қатъномае қабул кард, ки мувофиқи он: ин гурӯҳ ҳамчун як созмони террористӣ эътироф карда шуд ва беш аз 110 намоянда аз рутбаҳои боло ва миёнаи он боздошт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *