Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қотили «Зафар Бедняк» ба 23-сол маҳкум шуд

Обид Мақсудов, писари Эмома Мақсудов, ки бо лақаби «Эмом-Хубак» машҳур аст, аз ҷониби додгоҳ ба 32-соли зиндон маҳкум шуд.

Як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар дод, Обид Мақсудов, писари Эмом Мақсудов  барои қатли Зафар Азимов, ки бо лақаби «Зафар Бедняк» машҳур аст, ба 23-  соли ҳабс маҳкум шуд.

Бар асоси гуфтаи манбаъ, айбдоркунандаи давлатӣ барои Обид Мақсудов 24-соли зиндон талаб карда буд.

Обид Мақсудов қабл аз ин ба қатли Зафархон Азимов иқрор шуда гуфта буд: “Сабаб сум буд. 110 ҳазор доллари амрикоӣ аз ман қарздор астӣ гуфт ва наистод, ки маро гӯш кунад. Гапҳоямон пасту баланд рафт, боз дашном дод. Дигар ман контролро аз даст додам”.
Ёдовар мешавем, ки Зафархон Азимов, ки 38-сол дорад, сокин кӯчаи Шамсиии шаҳри Душанбе буд ва рӯзи 18 январ дар назди «Наврӯзгоҳ»-и Пойтахт бо Обид Мақсудов мунқиша кард ва дар натиқа аз тарафи Обид Мақсудов ба қатл расид.
и Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди интиқол ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад».

Ба иттилои ВКД, Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Борбад, пеш ду бор барои авбошӣ суд шудааст.

Обид Мақсудов писари Эмом Мақсудов, маъруф ба «Эмом хубак», раиси корхонаи кабелбарории Душанбе, муаррифӣ мешавад. Дар гузашта бародари Эмом — Билол Мақсудов бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии 57 кило маводи мухаддир ҳабс шуда буд.

Зафархон Азимов, ки рӯзи 19 феврал ҷасадаш ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол ёфт, аз соҳибкорони муваффақи Душанбе арзёбӣ мешавад, ки ба тиҷорати мошину масолеҳи сохтмонӣ машғул будааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.