Қотилони воқеъии нахустин прокурори кишвар киҳо буданд?

24 август аз марги мармузи аввалин прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев 27 сол пур мешавад.  Ин ҳомӣ ва олами илми ҳуқуқшиносиро муғризону зархаридони хоҷагони беруна бо истифода аз силоҳи оташфишон ваҳшиёна  куштанд. Ҳувайдуллоев, ки зодаи деҳаи Понғози ноҳияи Ашт аст, роҳ пеш гирифтем сӯи зодгоҳи ин родмарди ватан, то бо наздиконаш суҳбате ороем.

Гиряи мардону хандаи номардон

Нарзулло Қобилов, номзади илмҳои кимиё, дотсенти Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва яке аз шогирдону ҳамдиёрони Нурулло Ҳувайдуллоев дар бораи марги мармузи фарзанди далери ватан мегӯяд:

-Солҳои 1991-1992, ки айни   даргириҳои таҳмилии Тоҷикистон буд, қатлу таъқиби маҳз мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ зиёд буд. Аввалин прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев,  ки дар он замон намояндаи мардумии ҷумҳурӣ, рамзи  ҳақиқату адолат буд, дар сафи садҳову ҳазорон родмардони Ватан аз ҷониби қотилони зархариду ноҷавонмардон ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. 

Субҳи  24 августи соли 1992  се таззод дар як макон ва нисбати як фарзанди барӯманди диёри мо рӯ ба рӯ омад. Яъне, суҳби хунин, гиряи мардону хандаи номардон, хандаи ҳамон номардоне, ки бар ивази як пули пучак, бар ивази як ишораи иғвосози хоҷагони дохилию берунияшон  як сутуни бузурги ҳуқуқшиносро барканданд, шаш фарзанди ӯро ятим карданд.  Мусаллаҳони ноҷавонмард 24 августи соли 1992  тақрибан  соати 7:40 баъди он ки Ҳувайдуллоев ҳамсараш Раънохон Ҳувайдуллоеваро, ки дар техникум кор мекард, бурда мемонад ва худаш ҳамроҳ бо ронандааш роҳ сӯи  кор пеш мегирад,  ба қатл мерасонанд.

Дар  сӯи ҳаракат ба бинои Прокуратураи генералӣ афроди мусаллаҳ пеши роҳи моишни хидматиро гирифта ӯ ва ронандаашро аз мошин берун кашиданд. Маҷбур месохтанд, марде,  ки пеши касу нокас сар хам намекард, дурӯягию маддоҳиро намедонист, ба зону нишинад. Вақте Ҳувайдуллоев ин амалҳоро иҷро намекунад, яъне ба зону намезанад, ба зонуҳояш чанд тир мезананд.  Дар натиҷа,  бо зарби  беш аз 20 тир Ҳувайдуллоевро ба қатл расониданд.

Қотилон  нобуд шуданд, аммо…

Қотилони ваҳшии  собиқ Прокурори генералӣ   баъди чанд муддат дастгир шуданд, ки инҳо Раҳим Нуруллобеков ва Давлатбек Маҳмудов буданд. Санаи 26 ноябри соли 1993 ҳар ду ба қатл маҳкум шуданд. 

Масъулину коршиносон бар онанд, ки дар қатли аввалин Прокурори генералӣ танҳо ду нафари номбурда не, балки хоҷагони сершумори онҳо низ даст доштаанд. Қотилони аслӣ, роҳнамо, маблағгузору сарпарастон аз назарҳо дур ва зери парда монданд.

Чандин сол дар бораи сабабу омилҳои куштори Нурулло Ҳувайдуллоев дар воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ андешаҳои гуногун пайдо шуданд. Гуфта мешуд, ки яке аз собиқ қумондонҳои саҳроии сатҳи миёнаи Иттиҳоди неруҳои мухолифони тоҷик Абдулвосит Латипов, маъруф ба «Қорӣ Восит» дар ин куштор даст дорад. Гурӯҳи «Қорӣ Восит» зери «чатр» — и Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон дар содир кардани 25 амали террористӣ, ки боиси марги 40 нафар гардид, гумонбар дониста мешуд ва яке аз он қатли Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ба шумор меравад.

Мактаби  Ҳувайдуллоев

Пас аз 4 рӯзи марги Нурулло Ҳувайдуллоев, 28 август  яке аз мактабҳои номии  деҳаро ба номи ин марди бузургу ватандор номгузорӣ карданд. Инчунин, дар саҳни ҷамоати деҳоти Понғоз нимпайкараи Нурулло Ҳувайдуллоев қомат афрохтааст.

Сӯҳроб Қурбонов, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и деҳаи Понғоз ба номи  Нурулло Ҳувайдуллоев дар суҳбат ба мо гуфт:“ Тамоми мардуми ҷамоат аз марги ӯ  ғамгин шудем, аммо барои номашро ҷовидона кардан ин мактаб, ки номгузорӣ шуд, каме таскини дардҳо буд. Ҳоло осорхонаи мактаб низ ба номи Ҳувайдуллоев номгузорӣ шудааст, ки на танҳо хонандагони мактаб, балки мардуми ноҳия, вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ аз он дидан мекунанд. Мо вобаста ба шароит кӯшиш карда истодаем, ки оид ба кору фаъолияти Ҳувайдуллоев бештар насли имрӯзро огоҳ созем ва будани осорхона худ як манбаи иттилоъ ва огоҳӣ аст”.

Нурулло Ҳувайдуллоев, марде буд, ки тамоми хислату сифати хубу ҳамидаи инсониро дар худ дошт. Хирадмандию ҷавонмардияш баъди маргаш низ ӯро зинда дошта истодааст ва то абад ҷовидона хоҳад дошт. Зеро дар рӯзҳои вазнинтарину ҳассостарин, ки тақдири халқи тоҷик дар ҳалшавӣ буд,  вазифаи басо пурхатар ва пурмасъулиятро  ба зимма гирифт. Мавсуф  аз рӯзҳои аввали ба фаъолият пардохтан, то рӯзҳои вопасини ҳаёташ барои сулҳу субот ва ҳаёти орому осоиштаи мардум мусоидат  кардааст.

Ҳувайдуллоев кӣ буд?

Нурулло Ҳувайдуллоев соли 1940  дар деҳаи  Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 1957 баъди хатми мактаби миёна ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст.  Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ёрдамчии додситони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз кард. Аз соли 1966 то соли 1970 узви додгоҳи  Олии Тоҷикистон ва аз соли 1970 то 1974 раиси халқии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе ва баъдан мудири шуъбаи  маъмурию ҳуқуқи мудирияти  Шӯрои вазирони Тоҷикистон шуда кор кардааст.

Нурулло Ҳувайдуллоев соли 1990  ҳамчун депутати халқии Тоҷикистон аз тарафи аъзои Шӯрои Олӣ ба вазифаи раиси  Кумитаи Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муҳофизати шаҳрвандон интихоб шудааст. Ӯ аз июни соли 1991 то лаҳзаи охирини ҳаёташ вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Аз соати 7-и пагоҳӣ  то соати 9-и шаб дар ҷои кор буд ва софдилонаю содиқона вазифаи хизматияшро ба ҷо меовард.

Тамоми кӯшиши худро танҳо барои оромию суботи кишвар, тарбияи насли ҳуқуқшинос ва таъмини шаффофияти додситонӣ сарф  мекард. Хуб дар ёд дорам, ки дар замони прокурори генералӣ будани Ҳувайдуллоев мардуми ноҳияи Ашт на танҳо ифтихор аз чунин фарзанди фарзонаи диёр мекарданд, балки дидор ва даст дода, вохӯрӣ карданро орзу доштанд.   Вале афсӯс, марги маҷбурии ӯ орзуи ҳаводоронаш ва ҳамдиёронашро, ки калонсолон чун фарзанд, дигарон чун пайванд дӯст дошта, эҳтиром мекарданд, соли 1992 ба хоки сард супурданд.

Фарзона Муродӣ, 

Хуҷанд-Ашт (Понғоз)-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *